Нуклеотидҳо, нуклеозид-фосфатҳо, моддаҳое, ки кислотаҳои нуклеат, аксари коферментҳо ва дигар пайвастҳои фаъоли биологӣ аз онхо таркиб ёфтаанд. Таркиби ҳар як нуклеотид аз асоси нитрогенӣ (одатан пуринӣ ё пиримидинӣ), ангиштоб (рибозаҳо ё дезоксирибозаҳо) ва боқимондаи кислотаи фосфат иборат аст. Нуклеотидҳо дар бисёр просессҳои мубодилаи моддаҳо иштирок менамоянд. Нуклеозидтрифосфатҳо пайвастҳои макроэргӣ буда, …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Нуклеозидҳо
Нуклеозидҳо пайвастҳое, ки аз боқимондан асосҳои нитрогенӣ ва ангиштоб — рибозаҳо (рибонуклеозидҳо) ё дезоксирибозаҳо (дезоксирибонуклеозидҳо) иборатанд. Номи Нуклеозидҳо аз номи асосҳои ба молекулаи он дохилшаванда гирифта мешавад. Масалан, аденозин аз аденин, гуанозин гуании, тимидин аз тимин ва ғайра. Нуклеозидҳои озод 6а миқдори кам дар объектҳои гуногуни биологӣ вуҷуд доранд. Аксари …
Муфассал »Нуклеазаҳо
Нуклеазаҳо, ферментҳоест, ки кислотаҳои нуклеат (КН)-ро то моно ва олигонуклеотидҳо таҷзия мекунанд. Нуклеазаҳо дар ҳуҷайраҳои микроорганизмҳо, наботот ва ҳайвонот васеъ паҳн шудаанд. Нуклеазаҳо хусусан дар шираи ғадудҳои зери меъда ва оби даҳони ширхурҳо хеле бисёранд. Нуклеазаҳо сафедаи массаи молекулаашон нисбатан хурд буда, одатан хосияти асосӣ доранд. Роли биологии онҳо аз …
Муфассал »Асари «Нузҳат-ул-қулуб»
«Нузҳат-ул-қулуб» асари географию космографиест, ки дар он ҳудуди Эрон, Озарбойҷон, Ироқ ва Осиёи Хурд тасвир ёфта аст. Онро Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ тақрибан солҳои 1339—1340 таълиф намуда, дар бораи ҳар як вилоят, обёрӣ, зироат, ҳосил, ҳунармаядӣ ва хироҷи он маълумот овардааст. Ад.: М и к л у х о-М а к л …
Муфассал »Нузҳатномаи алоӣ
«Нузҳатномаи алоӣ» (номаи тафарруҷ барои Алоуддавла), асари энсиклопедӣ, таълифи Шоҳмардон ибни Абулхайр, ки дар Астаробод таълиф шудааст. Ин асар аз илмҳои даври худ, пеш аз ҳама илмҳои табиию таърих баҳс мекунад. Мундариҷаи он чунин аст: табиати инсон ва анатомияи вай, ҳайвонот, наботот, фулуззот ва маъданиёт, чор унсури табиат, риёзиёт, ҳайат, …
Муфассал »Нузҳат
Нузҳат Мулло Насруддинмаҳдуми Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири охири асри 18 ва аввали асри 19 тоҷик. Дар Бухоро таҳсил кардааст. Дар аксари илмҳои замонаш қудрат дошта, махсусан дар техники рамлу шеър ва маънии онҳо устод будааст. Чунонки Абдӣ дар тазкирааш мегӯянд, Нузҳат ашъори дилписанд, алфози матин ва ибороти …
Муфассал »Нузулулмо
Нузулулмо ( фуромадани об), бемории гавҳараки чашмро гӯянд, ки ҳангоми он рутубати бегона дар миёни рутубати байзияй чашм ва қарния қарор мегирад. Инро аз берун дидан мумкин аст, рангаш гуногун мебошад.
Муфассал »Нувайрӣ Шиҳобуддин Аҳмад
Нувайрӣ Шиҳобуддин Аҳмад ибни Абдулваҳҳоб (06. 04. 1279 — 17. 06, 1332, Қоҳира), энсиклопедисти араб (Миср). Дар Миср ва Сурия вазифаҳои давлатиро иҷро мекард. Муаллифи яке аз се маъмултарин энсиклопедияҳои давраи мамлукҳо— «Ниҳоят-ул-араб фӣ фунун-ил-адаб» мебошад, ки аз 31 ҷилд иборат аст. Маълумоти то соли 1331-ро ниҳоят дақиқ ва ҳаматарафа …
Муфассал »Нубувват
Нубувват (пайғамбарӣ), таълимоти динист, ки бар хилофи пешбини илмӣ, гӯё дар асоси ваҳй ё каромот пайдо шуда, ба қувваҳои фавқуттабиа алоқаманд аст. Мӯътақидон ақида доранд, ки иродаи худо сабаби ҳодисаҳо ва оқибати онҳост тақдири одамон ба ҳамин ирода вобаста аст. Аз ин рӯ, шахсҳо бояд ба пайғамбарону авлиётҳо бовар кунанд …
Муфассал »Нуба
Нуба, ниг. Куш.
Муфассал »