Озарбойҷониҳо (худ азарбачанлылар гӯянд), миллатест дар СССР, аҳолии асосии РСС Озарбойҷон. Қисман дар РСС Гурҷистон, РСС Арманистон ва РАСС Доғистон, инчунин дар РСС Узбекистон ва РСС Туркманистон зиндагӣ мекунанд. Дар СССР шумораашон 5477 ҳазор нафар (1979), аз он ҷумла дар РСС Озарбойҷон 4709 ҳазор нафар. Озарбойҷониҳо берун аз ҳудуди СССР …
Муфассал »Архив Месяца: July 2017
Республикаи Озарбойҷон
Озарбойҷон, Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойҷон (Азербайджан Совет Социалист Республикасы). 28 апрел 1920 ташкил шудааст. Дар қисми ҷануби шарқии – Закавказя воқеъ гардидааст. Дар Шимол бо РСФСР (РАСС Доғистон), дар Шимоли Ғарб бо РСС Гурҷичтон, дар Ҷануби Шимол бо РСС Арманистон ва Туркия, дар Ҷануб бо Эрон ҳамсарҳад мебошад. Онро аз …
Муфассал »Озарбади Маҳраспандон
Озарбади Маҳраспандон, Отурпати Маҳраспандон (ҷузъи аввали ин ном дар Авесто ба шакли «Атерепата», яъне нигаҳбони оташ омадааст. Ҷузъи дуввуми он аз «мантра»— сухан ва «спента” — муқаддас таркиб ёфтааст) (соли таваллуд ва вафот номаълум), мубадон мубад (нигаред мубад), рӯҳонии бузурги зардуштияи замони Сосониён. Зиндагӣ ва фаъолияташ дар давраи Шопури II …
Муфассал »Озар
Озар 1) номи моҳи нӯҳуми солшумории шамсист, ки ба 22 ноябр- 21 декабр солшумории милодӣ рост меояд; 2) номи рӯзи нӯҳуми ҳар моҳи солшумории шамсист, ки мувофиқи расми халқҳои эронинажод, агap номи рӯз бо номи моҳ мутобиқат кунад, ин рӯзро ҷашн мегирифтанд ва гӯё дар ин рӯз нохун гирифтан, мӯй …
Муфассал »Озар
Озар (тахаллус; номаш Лутфалибек Оғохон ибни Бегдилӣ; 1722, Исфаҳон — 1780), шоир ва адабиётшинос, тазкиранигори эронӣ. Дар шахри Қуми Эрон, ки оилаи Озар пас аз таваллуди ӯ ба он ҷо кӯчид,таҳсил кардааст. Аз хурдсолӣ ба шеъргӯӣ шурӯъ намуд. Устодаш дар шеъру адаб Муштоқи Исфаҳонӣ буд. Дар маҷлисҳои адабии Муштоқи Исфаҳонӣ, …
Муфассал »Дарёи Ожогина
Ожогина, дарёест дар РАСС Еқут., шохоби чапи дарёи Колима. Тӯлаш 523 километр, масоҳати ҳавзааш 24300 километр2. Аз якшавии дарёҳои Сулаккан ва Делкю, ки аз қаторкӯҳи Мома ибтидо меёбанд, ҳосил мешавад. Дар ҳавзаи Ожогина зиёда аз 2800 кӯл (масоҳати умумиашон 908 километр2) мавҷуд аст. Манбаи дарё барфу борон. Давраи яхбандӣ октябр—май. …
Муфассал »Дарёи Одра
Одра, Одер (ба Чехию пол. Odra; нем. Oder), дарё дар Европаи Ғарбӣ. Аз кӯҳҳои Судети Шарки (Чехословакия) ибтидо ёфта, баъд ба территорияи Полша мегузарад. Пас аз ҳамроҳшавии дарёи Ниса-Лужиска қад-қади сарҳади Полшаю Республикаи Демократии Германия ҷорӣ шуда то шаҳри Грифино мерасад ва дар охир ба халиҷи Шесипи баҳри Балтика мерезад. …
Муфассал »Одонтология
Одонтология (аз юн. odontos — дандон ва …логид), номи кӯҳнашудаи қисмн муолиҷавии стоматология, ки сохту дарди дандон, муолиҷа ва лешгирии онро меомӯзад.
Муфассал »Одонбластҳо
Одонбластҳо (аз юнонӣ odontos — дандон ва blastos — ҷанин), ҳуҷайраҳое, ки дентини дандони ҳайвонҳои мӯхрадор ва одамро ҳосил менамоянд. Танаи Одонбластҳо дар қабатҳои канории пулпа ва шохчаҳои дарозашон дар дохили каналчаҳои дентин ҷойгир шудаанд.
Муфассал »Одоевский Владимир Фёдорович
Одоевский Владимир Фёдорович (13. 8. 1803, Москва — И. 3. 1869; ҳамон ҷо), нависанда, файласуф, педагог ва мунаққиди мусиқии рус. Дар пансиони ашрофопи Университети Москва маълумот гирифт (1816—22). Ӯ муассис ва раиси ташкилоти ҳикматдӯстон («Любомудри») буд (1823—25). Солҳои 1824—25 ҳамроҳи В. К. Кюхелбенер алманахи «Мнемозина»-po нашр мекард; яке аз ҳодимони …
Муфассал »