Маълумоти охирин
Главная / 2017 / July / 27 (страница 3)

Архивы за день : 27.07.2017

Ойунский Платон

0

Ойунский Платон Алексеевич (И. И. 1893 — 31. 10. 1939), нависандаи советии ёқут, ходими ҷамъиятӣ, асосгузори адабиёти советии ёқут. Дар улуси Татин (ҳозира pайони Алек­сеевск) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аъзои КПСС аз соли 1918. Аз аввали соли 1917 аъзои махфили сотсиал-демократҳо буд. Аз оғози Револютсияи феврали 1917 ба муборизаи …

Муфассал »

Ойстрах Давид

0

Ойстрах Давид Фёдорович (30. 9. 1908, Одесса — 24. 10. 1974, Амс­тердам, дар Москва дафн шудааст), скрипканавози со­ветӣ, Артисти Халқии СССР (1953). Аъзои КПСС аз соли 1942. Институти драмаю мусиқии Одессаро хатм намудааст (1926). Аз соли 1934 дар Консерваторияи Москва дарс медод, (аз 1939 профессор, аз 1950 мудири кафедраи скрипка). …

Муфассал »

Ойротҳо

0

Ойротҳо, номи муғулҳои ғарбист (дэрбетҳо, баитҳо, торгутҳо, хошутҳо, захчиҳо ва ғайра), ки дар гузашта муттаҳид буданд. Асри 17 як қисми Ойротҳо ба маҳали Кукунор, дигаре ба ҳуду­ди Россия кӯчида, номи қалмоқҳоро гирифтанд, гурӯҳи сеюм аҳолии асо­сии хонии Ойротро ташкил дод. Дар Республикаи Халқии Монголия истилоҳи «Ойротҳо» аҳамияташро гум кардааст. Гурӯҳи …

Муфассал »

Оймирзоев Ҷолмирзо

Оймирзоев Ҷолмирзо Мирзоалӣ (таваллуд 1910), шоир ва драматурги со­ветии қарақалпоқ, Ходими Хизматнишондодаи Санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон Аъзои КПСС аз соли 1946. Соли 1956 Курси олии адабии Институти адабиёти ба номи М. Горкийро хатм намуд. Асарҳояш аз соли 1927 нашр меша­ванд. Аввалин китобаш — «Шеърҳо» соли 1935 ба табъ расид. …

Муфассал »

Оймакон

0

Оймакон, паҳнкӯҳест дар РАСС Ёқут., дар ҳавзаи болооби дарёи Инди­гирка, байни қаторкӯҳҳои Сунтар Хаята ва Тас-Кыстабыт. Асосан аз регсангу варақсангҳо ва интрузияҳои начандон калони гранит таркиб ёфтааст. Қисми ҷануби паҳнкӯҳ ба якчанд суфакӯҳҳои баландиашон то 2000 метр тақсим мешавад. То баландии 1200 метр паҳнкӯҳро бешаҳои тунуки ҷалғуза фаро гирифтаанд; аз …

Муфассал »

Кӯли Ойкӯл

Ойкӯл кӯлест дар райони Шуғнони ВАБК. Дар нишебии ҷануби қаторкӯҳи Шуғнон ва водии шохоби рости Шохдара — дарёи Чандимдара       (тақрибан 20 километр дуртар аз резишгоҳи дарё) воқеъ аст. Баландиаш аз соҳили баҳри 3548 метр. Оби кул ширин ва шаффоф аст. Ойкӯл дар натиҷаи канда шуда афтидани кӯҳпора ва банд шудани …

Муфассал »

Деҳаи Ойкамар

0

Ойкамар, деҳаест дар Совети қишлоқи Обикиики pайони Куйбышев, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи совхози «Съезди 2£-уми партия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 14 километр, то район 46 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 685 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз канали Ёвону Обикиик …

Муфассал »

Журнали «Ойина»

0

«Ойина», журнали ҷадидист, ки аз 20 август 1913 то 15 июни 1915 дар Самарқанд нашр шуда, 68 шумо­ра баромадааст. Аввал моҳе як маротиба, дертар моҳе ду бор чоп мешуд. Муҳаррир ва ношири «Ойина» М. Беҳбудӣ буд. Дар он Садриддин Айнй, С. Ализода, А. Фитрат, Мирзо Сироҷи Бухороӣ ва дигар бо …

Муфассал »

Деҳаи Ойим

Ойим, деҳаест дар Совети қишлоқ ба номи Ҳасанови райони Ҳисори РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи В. И. Ленин. Аз Ойим то маркази Совети қишлоқ 6 километр, то район 24 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1920 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Мактаби миёна, китобхона, клуб, пункти тиббӣ, магазин дорад. Соҳаҳои асосии …

Муфассал »

Деҳаи Ойдинкул

Ойдинкул, деҳаест дар Совети қишлоқ ба номи И. Шарифови pайони Данғара, вилояти Кӯлоб. Территорияи колзози «Съезди 21- уми партия». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 километр, то район 13 километр; роҳаш автомобилгард. Аҳолиаш 360 нафар. (1981), тоҷикон. Фермаи говпарварӣ дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғу кирмакдорӣ

Муфассал »