Навоӣ (то 1958 — посёлкаи Кармина), шаҳри навбунёд, маркази вилояти Навоии РСС Ӯзбекистон 8 км дуртар аз стансияи роҳи оҳан Навоӣ ва 100 км шимолу шарқтари. Бухоро, дар водии дарёи Зарафшон вокеъ гаштааст. Аҳолиаш 98,3 ҳазор нафар (1982). Навоӣ шаҳри ободу зебо, яке аз марказҳои калони саноати электроэнергетика ва химияи …
Муфассал »Архив Месяца: May 2017
Навоӣ Низомуддин Алишер
Низомуддин Алишер (9. 2. 1441, Ҳирот — 3. 1. 1501, ҳамон ҷо), шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек, ходими давлатӣ. Падари Н. Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони хонадони Темуриён буд. Ӯ чун ҳаводори шеъру шоирӣ дар хонааш бо адибони давр сӯҳбатҳо меорост. Навоӣ аз овони кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавку …
Муфассал »Наводир-ул-вақоеъ
«Наводир- ул- вақоеъ» («Воқеаҳои нодир»), асари Аҳмади Дониш. Дар давоми солҳои 1875—1882 таълиф шудааст. Муаллиф чанд бор онро китобат ва аз нав таҳрир кардааст. Ҳоло чанд нусхаи қаламии ин асар дар китобхонаҳои Душанбе, Тошкент, Ленинград, аз қумла нусхаи ба дасти Дониш китобатшуда, дар захираи дастнависҳои Шӯъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АФ …
Муфассал »Наводир-ул-асрор
«Наводир- ул- асрор» («Розҳои нодир»), асари Ҳасан Ибни Исои Русофӣ дар боби химия, ки охири асри 15 ва ибтидои асри 16 ба забони арабӣ навишта шудааст. «Наводир- ул- асрор» ҷамъбасти таҷриба ва мушоҳидаҳои муаллиф дар соҳаи химия буда, таҷрибаҳои зиёди кимиёвӣ, тарзи гузаронидани онҳо, нусхаҳои кимиёвӣ, тарзн тайёр кардани онҳо …
Муфассал »Навоварӣ
Навоварӣ зоҳиршавии навигарӣ дар фаъолияти одамон, ифодаи қобилияти эҷодии инсон дар меҳнат. Сотсиализм барои бемалол зодир намудани истеъдод ва қобилияти эҷодии одамон имконият фароҳам меоварад. На барои истисморгарон, балки барои худашон, барои ҷамъияти худ кор карданашонро фаҳмидани меҳнаткашон,— гуфта мешавад дар Программаи КПСС,— шавқу завқи меҳнатӣ, навоварӣ, ташаббуси эҷодӣ, мусобиқаи …
Муфассал »Навободи поён ноҳияи Фархор
Деҳаест дар Совети қишлоқи Деҳқонариқи райони Фархор, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «40-солагии Октябр». Аз Навободи Поён то маркази Совети қишлоқ- 12 км, то район 16 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 850 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, 2 китоб- хона пункта тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорию кирмакдорӣ. …
Муфассал »Навободи поён ноҳияи Ленин
Деҳаест дар Совети қишлоқ «40-солагии РСС Тоҷикистон»-и pайони Ленин. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз Навободи Поён то маркази Совети қишлоқ 4 км, то район 20 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 70 нафар (1982), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа, мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоқагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Душанбе обёрӣ мешаванд.
Муфассал »Навободи калон
Деҳаест дар Совети қишлоқ Муҷихарфи pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон. Территорияи совхоззи «Чорсада». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ- 1 км, то район 24 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 360 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ— чорводорӣ ва тамокукорӣ. Сокинони деҳа аз оби чашмаҳо истифода мебаранд.
Муфассал »Навободи боло ноҳияи Фархор
Навободи боло (то соли 1932 — Моҳи На в), деҳаест дар Совети қишлоқ Деҳқонариқи pайони Фархор, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози «40-солагии Октябр». Аз Навободи Боло то маркази Совети қишлоқ 10 км, то район 16 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 830 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона ва магазин дорад. Соҳаҳои …
Муфассал »Навободи боло
Деҳаест дар Совети қишлоқ Эскигузарн райони Орҷоникидзеободи РСС Тоҷикистон. Территорияи колхози ба номи Карим Исмоилов. Аз Навободи боло то маркази Совети қишлоқ 3 км, то район 7 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 765 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи Элак …
Муфассал »