Неъмат ибни Мирзотоши Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоир ва донишманди асри 17 тоҷик. Гузаштагони Неъмат аслан аз Мастчоҳ будаанд. Неъмат дар Самарқанд таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо камол ёфта, илмҳои сарфу наҳв, мантиқу калом, ҳикмату ҳайат, ҳадису тафсир, фиқҳ, ва инчунин рамлу нуҷум арузу қофияро мукаммал омӯхтааст. Неъмат …
Муфассал »Архив Месяца: May 2017
Несчанголҳо
Несчанголҳо (Chelicerata), зертипи ҳайвонҳои бемӯҳра, аз типи буғумпойҳо. Баданашон аз сарсина (просома) ва 6 узви иловагӣ — чанголҳо, педипалпҳо, 4 ҷуфт пой ва шикамча (опдстосома) иборат аст. Боқимондаҳои Нешчанголҳои мурдарафтаи обӣ аз давраи кембрий ва хушкигард аз давраи девон маълуманд. Нешчанголҳо ба ду синф — тортанакшаклҳо ва найзадумҳо ҷудо мешаванд.
Муфассал »Нешу
Нешу, 1) навъи олуст, ки онро олуи табрӣ низ гӯянд; 2) асбоби ҷарроҳии қадима. Ниг. низ Нештар.
Муфассал »Нештар
Нештар, асбоби ҷарроҳии қадима, ки теғи дутарафаи тез дошт. Нештар барои буридани ҷои фасод, раги венозӣ ҳангоми хунсардиҳӣ ва барои черткунӣ истифода мешуд. Дар амалияи тибби муосир онро скалпел (навъи дигари нештар) иваз карда аст.
Муфассал »Нешзанӣ
Нешзанӣ, нешзанни тухм, рушди тухм, просесси аз ҳолати оромӣ ба фаъолияти пуршиддати ҳаётӣ гузаштани тухм, ки дар натиҷаи он чунин сабзида, навниҳол ташаккул меёбад; марҳалаи ибтидоии онтогенези растанӣ мебошад. Нешзанӣ фақат ҳангоми будани миқдори кофии намӣ, оксиген, ҳарорати муайяни гармӣ ва баъзан режими муайяни рӯшной ба амал меояд. Нешзанӣ бо …
Муфассал »Неш
Неш, узви нӯгтези модинаи пардаболҳо аз асрқатори Aculeata. Неш дар интиҳои шикам воқеъ аст. Ҳангоми оромӣ он дар охири шикам дар ғилофаки махсус ҷойгир буда, дар вақти таҳдиди хатар ё ҳамлаорӣ ба сайд аз ғилофак берун меояд ва ба бадани душман ё сайд мехалад. Дар ин маврид ба воситаи сӯрохи …
Муфассал »Нёчкина Милитса Василевна
Нёчкина Милитса Василевна (таваллудаш 25. 02. 1901, Нежин, ҳозира вилояти Чернигови РССУ), муаррихи советӣ, акад. АФ ОССР (1958), аъзои ҳақиқи АИП СССР (1966). Соли 1921 факултети таъриху филологияи Университети Қазонро хатм кардааст. Нёчкина солҳои 1924—1927 ходими илмии Ассотсиасияи тадқиқоти илмии фанҳои ҷамъиятии Россия (РАНИОН), дар як вақт муаллими Университети Москва …
Муфассал »Нехода Иван Иванович
Нехода Иван Иванович (06. 06. 1910, деҳаи Алексеевкаи ҳозира райони Валковскии вилояти Харков—17. 10. 1963, Киев), нависандаи советии украин. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1942. Институти маорифи халқ» Харков (1932) ва факултети стсенарии Институти умумииттифоқии кинематографияро (1939) хатм кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Асарҳояш аз соли 1925 нашр …
Муфассал »Газета «Нефтяник Таджикистана»
«Нефтяник Таджикистана», газета, органи ташкилоти партиявӣ, иттифоқи касаба ва маъмурияти идораи «Точикнефт»-и Вазорати саноати нефтистеҳсолкунии СССР. Аз июли 1968 то декабри 1969 бо тиражи 1500 нусха ҳафтае 1 маротиба ба забони русӣ нашр мешуд.
Муфассал »Посёлкаи Нефтяник
Нефтяник, посёлкаи коргарӣ дар Совети қишлоқи Роҳатии pайони Ленини РСС Тоҷикистон. Дар 14-ум км-и роҳи автомобилгарди Душанбе — Орҷоникидзеобод воқеъ гаштааст. Аз посёлка то маркази Совети қишлоқ 2 км, то район 31 км. Аҳолиаш 1172 нафар (1981), русҳо, тоҷикон ва ғайра Посёлка мактаби миёна, клуб, поликлиника, дорухона, шӯьбаи алоқа, касса …
Муфассал »