Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАСНИФИ ЗАБОНҲО

ТАСНИФИ ЗАБОНҲО

ТАСНИФИ ЗАБОНҲО, омӯзишу табақабандии забонҳо аз рӯи аломату хусусияти асосии онҳо. Ду тарзи таснифи забонҳо маъмул аст: генеалогӣ ва типологӣ. 1) Т. генеалогӣ (аз юнонӣ jеnеаlоjiа — насаб, шаҷара) вобаста ба умумияти пайдоиш ва дараҷаи хешӣ ба гурӯҳҳо ҷудо кардани забонҳост. Забонҳои хеш умумияти зиёде доранд. Масалан, дар забонҳои гуруҳи эронӣ номи узвҳои бадан, фаслҳои сол, муҳимтарин феълҳо, ҷонишинҳо, баъзе шумораҳо ва аффиксҳо ба ҳам монанданд. Барои муқаррар намудани таърихи пайдоишу дараҷаи хешии забонҳо фонетикаи муқоисавии таърихӣ истифода мешавад, ки он мувофиқати ҳамешагии овозии – оилаи забонҳо ва вазъи ибтидоии фонемаҳоро барқарор мекунад. Масалан, ба ин восита собит шудааст, ки калимаҳои тоҷикии ранг, танг, роҳ ва осетини аз калимота умумиэронии рuа, рusга, раsа ба вуҷуд омаданд. Хешии дигар забонҳоро низ бо ин усул муайян намудан мумкин аст.
Мувофиқи тадқиқоти забоншиносон имрӯз дар Евросиё оилаи забонҳои ҳиндуевропоӣ, уралӣ, шохаҳои фину угорӣ ва самодӣ, туркӣ, картвели, муғулӣ, тунгусию манҷурӣ, сомию ҳомӣ, дравидӣ, ва ғайра маълуманд. Забонҳои сершумори Африкаро ба оилаи забонҳои ҳомию сомӣ ё африкоию осиёӣ, нигерию кардофанӣ, милию саҳроӣ ва кайсони мансуб донистаанд. Дар ҷануби Осиё ва Австралия оилаи забонҳои малаию полинеоӣ, папуаӣ ва ғайра вуҷуд доранд. Таснифи забонҳои мардуми муқимнишини қитъаи Америка низ номукаммал аст. Онҳоро қиёсан ба оилаи забонҳои алгонкию вакашӣ, сиухока, надне, пенутӣ, ютоастекӣ-майя, чибча, аравакӣ, тупитурани, кечуа ва ғайра ҷудо кардаанд. Ба кадом оила тааллуқ доштани бисёр забонҳо (баскӣ, бурушаскӣ, японӣ, кореягӣ, айнӣ ва баъзе забонҳои матрук: шумерӣ, каоситӣ, хеттӣ ва ғайра) равшан нашудааст. Баъзе забонҳо, аз ҷумла забонҳои абхазию адигӣ аа картвелиро ба оилаи забонҳои иберию кавказӣ нисбат додаанд. Якчанд оилаи забонҳо — туркию муғулӣ, тунгусию манҷурӣ ва ҳатто кореягию японӣ ба як оилаи калон нисбат дода шудаанд, вале ин тақсимот дар байни забоншиносон пурра эътироф нагардидааст. 2) Таснифи забонҳои типологӣ ё морфологӣ усули аз рӯи сохт ба гурӯҳҳо ҷудо кардани забонҳоро пеш мегузорад. Аз рӯи ин усул забонҳои дунё ба се типи асосӣ ҷудо мешававд: 1) Забонҳои аморфӣ ё ғайритаснифӣ (хитоӣ, таӣ, бирмагй, вешамӣ, йоруба ва ғайра). Дар ин забонҳо калимаҳо ба тағйирот дучор намешаванд. Алоқаи синтаксисии байни онҳо дар ҷумла аз рӯи ҷояшон муқаррар мешавад. Ин забонҳо аффиксҳои шаклсоз надоранд. Калима дар ин забонҳо ба асос (реша) баробар аст, аз ин рӯ онҳоро забонҳои решагӣ ҳам меноманд; 2) Забонҳои агглютинативӣ (фину угорӣ, туркӣ, муғулӣ, бану, дравидӣ ва ғайра) дорои системаи мураккаби аффиксҳои калимасозу шаклсоз мебошанд. Дар онҳо калима серморфема буда, ҳар як морфема ягон маънои грамматикиро ифода мекунад. Ҳудуди байни морфемаҳо хеле равшан зоҳир мешавад. Бинобар он дар пайвандгоҳи морфемаҳои ин забонҳо тағйироти муҳими фонетикӣ хеле кам ба вуҷуд меоянд; 3) Забонҳои флективӣ (ҳиндуевропоӣ ва ҳомию сомӣ), аффиксҳон зиёд доранд. Аммо ин аффиксҳо сермаъно буда, ҳар яки онҳо якчанд маънои грамматикиро ифода карда метавонад. Алоқаи морфемаҳо дар ин забонҳо хеле қавӣ буда, муайян намудани ҳудуди онҳо душвор аст. Х. Қурбонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …