Маълумоти охирин
Главная / Биология / Зардолӯи СУБҲОНӢ

Зардолӯи СУБҲОНӢ

СУБҲОНӢ, як навъ зардолуи ҷойдорист. Ниҳолаш соли 8—9-ум ба ҳосил медарояд. Дарахташ баланд ва сершох. Охирҳои март гул мекунад, мевааш июн —июл мепазад. Мевааш калон-калони байзашакл (32— 35 г); зарди баланд, сершира, аз донакаш нағз ҷудо мешавад. 14—16% қанд, 0,5—0,8% ҷавҳар дорад. Аз ҳар бехи он то 400 кг ҳосил гирифтан мумкин аст. 24—25% баргак ва 32% аштак хушк мешавад. Асосан дар ноҳияҳои шимолл Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, инчунин дар вилоятҳои Бухоро, Фарғо наи Республикаи Совети Сотсиалистии Узбакистон мепарваранд.

subhoni-zardolu

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …