Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Оқтеппа

Вилояти Оқтеппа

Оқтеппа (Актюбинск), вилоят дар ҳайати Республикаи Советии  Сотсиалистии Қазоқистон 10 марти 1932 ташкил шудааст. Дар қисми ғарбии республика воқест. Масоҳаташ 299,8 ҳазор километр2. Аҳолиаш 629 ҳазор нафар (январи 1979). Вилоят 13 райони маъмурӣ, 7 шаҳр ва 4 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Оқтеппа.

Табиат. Оқтеппа дар байни пастии Наздикаспий (дар Ғарб), пуштакӯҳи Ус­тюрт (дар Ҷануб), пастии Тӯрон (дар Ҷануби  Шимол) ва шохаҳои ҷануби кӯҳи Урал (дар Шимол) ҷой гирифтааст. Қисми зиёди территорияи вилоят — ҳамворӣ (баландиаш 100—200 метр); дар қисми миёнаи он кӯҳҳои Муғоҷар (нуқтаи баландтаринаш кӯҳи Бактибой, 657 метр) воқеанд. Иқлимаш ниҳоят континентӣ, тобистонаш гарми хушк.

Тобистон зуд-зуд гармсер вазида, зимистон бисёр бӯрон мешавад. Ҳарорати миёнаи июл дар Шимоли Ғарб 22,5° Селсия, дар Ҷануби Шимол 25° Селсия, дар январ мувофиқан — —16 ва —15° Селсия. Тамоми дарёҳоиОқтеппа. ба ҳавзаи баҳри Каспий ва кӯлҳои на он қадар калон мансубанд. Даорёҳои калон: Эмба, шохобҳои Урал — Ор, Илек, инчунин Ирғиз, Уил, Тургай ва Сариз. Дарёҳо камобанд, аксари онҳо тобистон хушк мешаванд. Кӯлҳои хурди обашон шӯр бисёранд. Оби шӯри кӯлҳо ва дарёҳо ба мақсадҳои хочагӣ истифода намешаванд, бинобар ин обҳои зеризамини истифода бурда мешаванд. Хоки қисми шимоли ғарби вилоят сиёҳ ва дорчинии тира, марказ ва Шимоли Шарқ дорчинранги кушод ва хокистарранг. Дар Ҷануб шӯрзаминҳо вомехӯранд.

Дар шимоли ғарби вилоят растаниҳои даштӣ, дар водии дарёҳо ҳар гуна алафу дарахтҳо, дар қисмҳои марказӣ ва шарқӣ растаниҳои даштии хушкидӯст, дар қисми ҷануб бошад, растаниҳои нимбиёбонию биёбонӣ мерӯянд. Аз даррандаҳо гург, рӯбоҳ вомехӯранд. Хояндаҳо (юрмон, муш) ва хазандаҳо хеле бисёранд.

Аҳолӣ. Дар Оқтеппа қариб 5% ахолии Республикаи Советии  Сотсиалистии  Қазоқистон  зиндагӣ мекунад, ки аз он қазоқҳо 43%, русҳо 26%, ӯкраинҳо 17%, тоторҳо З%ро ташкил медиҳанд. Зичии миёиаи аҳолӣ дар 1 километр3 1,8 нафар. Аҳолии шимолу ғарби ви­лоят бештар зич аст. То Револютсияи  Кабири Сотсиалистии  Октябр дар вилоят ҳамагӣ 3 шаҳр (Оқтеппа, Шалқар, Темир) буд. Шаҳрҳои Олға, Октябр, Хронтов, Шубаршӣ баъди револютсия ба вуҷуд омаданд. Дар Муғоҷар курорти Бирчогир воқеъ аст.

Хоҷагӣ. Дар вилоят саноат (асо­сан маъдан, мошинсозӣ ва коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ) ва лалмикорӣ, чорводорӣ тараққӣ кардаанд. Солҳои 1940—68 маҳсулоти умумии саноати 0. 17,6 маротиба афзуд. Энергетик вилоят асосан ангишти Қараганда ва гази табиии газопроводи Бухоро—Уралро истифода мекунад. Дар Оқтеппа захираҳои хромит, мис, маъдани никелу кобалт, титан, тилло, инчунин фосфорит, нефт, гази табиӣ мавҷуданд. Дар заминаи ин за- хира соҳаҳои саноати маъдан, химия, заводи феррохӯлаҳо ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Аксарияти корхонаҳои саноати маъдан дар минтақаи My­ғаҷар ва қисми марказию ҷануби вило­ят воқеанд. Дар шаҳри Оқтеппа заводҳои феррохӯлаҳо, пайвастаҳои хром, аппаратҳои рентгенӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, заводҳои механикӣ, таъмири автомо­бил ва корхонаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, дар шаҳри Олға комбинати химиявӣ мавҷуданд.

Дар вилоят қисми асосии заминҳо чарогоҳанд: аз 26,6 миллион гектар замини хоҷагии қишлоқ (1968) танҳо 2,8 миллион гектар замини киштшаванда, 0,5 миллион гектар алафзор буда, боқимонда ҳама чарогоҳ аст. Солҳои 1956—58 зиёда аз 1,6 миллион гектар замини бекорхобида аз худ карда, дар заминаи он совхозҳои ғаллакор таш­кил карда шуданд.

Соли 1968 дар вилоят 91 совхоз ва 45 колхоз буд. Худи ҳамон сол замини кишт 1824 ҳазор гектар, аз он ҷумла майдони ғалла 1463 ҳазор гектар, майдони зироати техникӣ 0,7 ҳазор гектар, майдони кар­тошка ва сабзавот 8,4 ҳазор гектар ва майдони зироати хӯроки чорво 351 ҳазор гектар буд. Соли 1968 вилоят 2597, 8 ҳазор cap гӯсфанду буз, 452 ҳазор гов, 39,2 ҳазор хук, 83.4 ҳазор асп, 13,7 ҳазор шутур дошт. Дар шимоли ғарби Оқтеппа кишти ғаллаи лалмӣ (гандуми баҳорӣ, ҷав, арзан, инчунин офтобпараст), парвариши чорвои гӯшту ширдеҳ, хукпарварӣ ва паррандапарварӣ ривоч ёфтааст. Дар қисми хеле хушку беоби вилоят чорвои гӯшту равғандеҳ ва гӯсфанди гӯшту пашмдеҳ, аспу шутур парвариш карда мешавад. Моҳидорй дар кӯли Шалқор ривоҷ ёфтааст.

Тӯли роҳи оҳан қариб 1140 километр. Магистралҳои асосӣ: Оренбург—Оқтеппа— Тошкент ва Гурев—Октябр—Орск. Роҳҳои хавоӣ вилоятро бо Москва, Олмаато ва бо дигар шаҳрҳо, инчунин бо районҳои вилоят мепайванданд. Аз территорияи вилоят нефтепроводи Гурев— Орск ва газопроводи Бухоро — Урал ва Осиёи Миёна — Марказ мегузарад.

Сохтмони маданӣ ва нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1968/69 дар Оқтеппа 574 мактаби маълумоти умумӣ (123 ҳазор талаба) буд. Дар му- ассисаҳои томактабӣ 13 ҳазор кӯдак тарбия меёфт. Дар 9 мактаби миёнаи махсус 6,7 ҳазор талаба, дар 2 мактаби олӣ (институти педагогӣ ва тиббӣ) 3,7 ҳазор студент мехонд. Ви­лоят 548 китобхона, 340 клуб, 536 дастгоҳи намоиши кино, музеи кишваршиносӣ ва планетария -(дар Оқтеппа) дорад.

Соли 1968 дар вилоят 1009 духтур (1 духтур ба 500 нафар аҳолӣ) ва дар беморхонаҳо 5902 кат (106 кат ба 10 ҳазор ахолӣ) буд. Газетаҳои вилоятии «Коммунизм жолы» (ба забони қазоқӣ аз соли 1932) ва «Путь к коммунизму» (ба забони русӣ аз соли 1919) нашр мешаванд. Барномаҳои радиои вилоят ба забонхон қазоқӣ ва русӣ шунавонида, барномаҳои радио ва телевизиони Москваю Олмаато низ шунавонида ва намоиш дода мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …