Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУФАЙЛӢ

ТУФАЙЛӢ

ТУФАЙЛӢ, қаҳрамони латифаҳои халқии тоҷикӣ. Прототипи Туфайлӣ шахси таърихӣ бо номи Туфайл ибни Заллили Кӯфӣ мебошад. Ӯ аз қабилаи Банӣ-Абдуллоҳ буда, охири асри 8 дар Кӯфа ҳаёт ба сар бурдааст. Бино ба маълумоти Ҷоҳиз (асри 10) ва дигар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ Туфайлӣ шахси пурхӯру хасис ва муфтхӯру худбин будааст. У бе даъват ба тӯю маъракаҳо рафта, муфтхурӣ мекардааст. Дар адабиёти араб дар асри 9 бо номи Туфайлӣ латифаҳо пайдо шудаанд. Аввалин намунаҳои ин латифаҳо дар «Китоб-ул-бухало»-и Ҷоҳиз дучор мешаванд. Дар адабиёти форс- тоҷик латифаҳо оид ба Туфайлӣ дар асрҳои 13—14 ба миён омадаанд. Намунаи онҳо дар «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммади Авфӣ ва «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ ба назар мерасанд.

Ад.: М а ҳ д и е в С., Проблемаи жанри латифа, Д., 1977. С. Маҳдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …