Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТОК – ангур

ТОК – ангур

ТОК, ангур, раз (Vitiz), дарахти антур; ҷинси растаниҳои печон ва хазонрез аз оилаи токиҳо. Навдаҳои бисёрсолааш ғафс, навдаҳои яксолааш дароз (3—5 м), борик, сербанд мешаванд. Дар бандҳоя поёнии навда хӯшатул ва дар бандҳои болоӣ танобак ташаккул меёбад. Ток бо ёрии танобакҳояш ба дарахт ва хавоза мечаспад. Барги яклухт ё 3 ва 5-парра, гули майдаи сабз дорад. Меваи Ток— ангур сершира ва гуногун буда, вазни хӯшааш вобаста ба навъ аз 40 г то 9 кг мешавад. Ангур 1—5 дона тухми хурди сахт дорад, баъзе навъҳои он (масалан, кишмиши осиёимиёнагӣ) дон надоранд.

angur1

Токро аз қаламча ва фарғон зиёд мекунанд. Ниҳоли Ток баъди 2—3 сол ба ҳосил медарояд ва 60—80 (баъзан 150—200) кг ҳосил медиҳад. Токро 4—6 ҳазор сол то мелод дар Закавказия, Осиёи Миёиа, Миср, 3 ҳазор сол то мелод дар Юнон, ҳавзаҳои баҳри Сиёҳ ва баҳри Миёназамин мепарваридаанд. Бино ба маълумоти маъхазҳо соли 146 то мелод сайёҳи Чжан Кян қаламчаӣ Токро аз водии Фарғона ба Хитой бурдааст. Дар СССР 2,8 ҳазор, дар республикаҳои Осиёи Миёна 370 ва дар Тоҷикистон 211 навъи ангурро мепарваранд. Дар минтақаҳои токдории дунё асосан V. Vinifera-ро, ки ду хел аст —Токи худрӯ (ҷангалӣ) V. Vinifera subsp. sivestris (бештар дар кӯҳсори Эрон, Закавказия, қаторкӯҳҳои Қаротегин, Ҳисор, Боботоғи Тоҷикистон ва Кабуддори Туркманистон мерӯяд) ва Токи боғӣ V. Vinifera subsp/ sativa — мепарваранд.
Ток растании равшанӣ ва гармиталаб аст. Дар ҳарорати 10—12оС муғҷаҳои Ток сабзида, дар 25—30оС гул мекунанд ва дар 28—35оС ангур мепазад. Ток дар сармои то—15—17°С осеб намеёбад. Дар —20—25°С муғча, зангу навдаҳои яксола зарар дида, дар —25—28″С кундаи Ток нобуд мешавад. Баҳорон ҳангоми муғчабандии Ток ҳарорати 0—2°С баргу навдаҳоро нобуд мекунад. Зимистон дар ноҳияҳое, ки ҳарорат аз —20 —22ЧС паст мефурояд, Т.-ро хок- пӯш мекунанд. Т. ба хушкӣ нисбатан тобовар аст. Дар маҳалҳое, ки боришоти солонаашон аз 550 мм зиёд аст, ҳосили хуб медиҳад. Дар давраи гулу ҳосилбандӣ ба намӣ сертабал мешавад.

angur

Ток дар ҳар гуна хок хуб месабзад. Ангури заминҳои санглох ва лалмӣ сершираву хушсифат аст. Ток дар заминҳои тагнам, заҳ ва пастхамиҳо нағз намесабзад; дар заминҳои ҳосилхез серҳосил мешавад. Заминро пеш аз токшинонӣ бо плуг чуқур (то 45—60 см) шудгор мекунаид. Пеш аз шудгор ба ҳар га 35—40 т пору, 3—12 с суперфосфат меандозанд. Қаламча ва ниҳоли решадори яксолаи Токро аз рӯи тартиби 2,5X2 м, 2,5X2,5 м, 3X2 м, 3×3 м мешинонанд. Ба ниҳолҳо сари вақт обу ғизо дода, бехи онҳоро нарм бояд кард. Токбурӣ, хомток ва ба хавоза бардоштани Ток ба рӯёнидани ҳосили фаровон мусоидат мекунанд.
Ба Ток баргпечонаки хӯшаи ток, кирминаи ток, тортанаккана ва ғайра зарар мерасонад. Ток аз касалиҳои занбӯруғӣ — антракноз (қарасон), чел (оидиум) ва офати бактериявӣ — тосаки реша ва ғайра зарар мебинад. Нигаред низ Ангур, Токдорӣ. Н. Шукуров.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …