Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТИП дар биология

ТИП дар биология

ТИП дар биология (typus), навъ, 1) категорияи таксономии олӣ дар систематикаи ҳайвонот, ки синфҳои ба ҳам наздик (хеш)-ро муттаҳид мекунад, Соли 1812 Ж. Кюве ҳама ҳайвонотро ба чор «шоха» ҷудо намуд; баъдтар (соли 1825) зоолог ва анатоми франсавӣ А. Бленвил ин чор «шоха»-ро Тип номида, онро чун истилоҳ ба илм дохил кард. Типҳо ҳаҷман гуногун мешаванд; масалан, Типи исфанҷҳо қариб 5000 намуд ва Типи погонофораҳо ҳамагӣ 100 намудро дар бар мегирад. Тип аксар ба зертипҳо (масалан, Типи хордадорҳо ба 4 зертип — сархордадорҳо, пардадорҳо, бекосаисарҳо за ҳайвоиҳои мӯҳрадор) тақсим мешавзд. Ҳамаи организмҳое, ки ба як Тип мансубанд, сохти ягона доранд. Миқдор ва ҳаҷми Типро систематикҳои гуногун ҳар хел (аз 10 то 33) баён кунанд ҳам, вале ин ихтилофот аҳамияти асосии Типро, ки чун категория шохаҳои асосии дарахти филогенезии ҳайвонотро инъикос менамояд, тағъир дода наметавонад (нигаред низ Систематика). 2) Дар систематикаи растаниҳо Тип ба шӯъба мувофиқат мекунад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …