Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ ЯДРОӢ

ТЕХНИКАИ ЯДРОӢ

ТЕХНИКАИ ЯДРОӢ, як соҳаи техникаро гӯянд, ки энергияи ядроро истифода мебарад: маҷмӯи таҷҳизоти техникӣ ва тадбирҳои ташкилисет, ки ба истифодаи техникии хосиятҳои ядроии моддаҳои гуногун оиданд.

tex-yadroi

Равияи асосил Техникаи ядроӣ: реакторсозӣ, истеҳсоли сӯзишвории ядроӣ, сохтани узвҳои гармибарор барои реакторҳои ядроӣ, ҷудо кардани изотопҳо, истеҳсол ва истифодаи изотопҳои радиоактивӣ, таҳияи усулҳо ва таҷҳизоти муҳофизаи организм аз шуоъҳои радиоактив, истеҳсоли унсурҳои таркибии реакторҳои ядроӣ, махсусан графит, оби вазнин, сирконий, бериллий ва ғайра; сохтани системаҳои мӯътамади танзим ва идораи автоматии реакторҳо ва дастгоҳҳои қуввагии ядроӣ; эҷоди системаҳои оқилонаи интиқол ва истифодаи гармие, ки реактор ҷудо мекунад; таҳияи назария ва пешниҳоди усулҳои ҳисоби процессҳои ядроӣ ва физикӣ, ҳароратӣ ва ҳалли бисёр проблемаҳои илмию техникӣ бо Техникаи ядроӣ зич алоқаманданд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …