Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕТРАХЛОРМЕТАН

ТЕТРАХЛОРМЕТАН

ТЕТРАХЛОРМЕТАН ССI4, як навъ моеъи берангро гуянд; t гуд. —22,90С, ( ҷӯш. 76,8°С, зичиаш 1,593 г/cм3 (20°С).
Дар об ҳал намешавад. Дар Терахлорметан чарб, мум, каучук, аксари зифтҳои табиӣ ва синтезӣ нағз ҳал мешаванд. Дар шароити муқаррарӣ Терахлорметан ба таъсири ҳаво, равшанӣ, кислотаҳои концентронида устувор буда, вале аз таъсири об (бо иштироки оҳан ва алюминий) ба СO2 ва НС1 таҷзия мешавад. Терахлорметанро бо роҳи хлоронии метан ё сулфиди карбон ва дигар усулҳо ҳосил мекунанд. Терахлорметанро чун ҳалкунандаи насӯзанда дар соҳаҳои гуногуни саноат истифода мебаранд.
Терахлорметан заҳрнок буда, ҳангоми заҳролудӣ сар дард мекунад, чарх мезанад, дил беҳузур шуда, шахс қай мекунад. Дар ҳолатҳои вазнини заҳролудӣ мадҳушӣ, сианоз, гепатит авҷ гирифта, ҳарорати бадан баланд мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …