Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕСТ

ТЕСТ

ТЕСТ (англисӣ tеst — санҷиш, озмоиш, тадқиқ), озмун, 1) дар психология ва педагогика, ба андоза ва қолиби муайян даровардани супоришҳоеро номанд, ки аз руи натиҷаҳои иҷрои онҳо хусусиятҳои психофизиологӣ ва фардӣ, инчунин донишу маҳорат ва малакаи шахси озмудашавандаро муайян мекунанд.

test

2) Дар физиодогия ва тиб таъсироти озмоишӣ ба организмро гӯянд, ки бо мақсади омӯхтани процессҳои мухталифи физиологӣ, инчунин барои муайян кардани ҳолати функционалии узвҳои ҷудогона, бофтаҳо ва умуман организм гузаронида мешаванд. 3) Дар техникан ҳисоб масъалаи назоратист барои санҷиши дурустии кори ҳисобмошинҳои рақамӣ. 4) Шинохтани образҳо, маҷмӯи аломатҳои ба якдигар ба таври функционалӣ вобастаеро номанд, ки образ (синф)- ро тавсиф медиҳанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …