Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕРМОХИМИЯ

ТЕРМОХИМИЯ

termoxomiya

ТЕРМОХИМИЯ (аз термо… ва …химия), яке аз фаслҳои термодинамикаи химиявиро номанд; дар он ҳодисаҳои ҳароратие омӯхта мешаванд, ки зимни реакцияҳои химиявӣ ҷараён мегиранд. Усули таҷрибавии Термохимия калориметрия мебошад. Зарурияти тадқиқи эффекти гармӣ ва гармиғунҷоишро аввалин шуда (1752— 54) М. В. Ломоносов нишон додааст. Нимаи дуюми асри 18. Ҷ. Блэк, А. Лавуазье ва П. Лаплас бори аввал ченкунии термохимиявиро гузарониданд. Усули ченкунии калориметрӣ бошад, асри 19 аз тарафи Г. И. Гесс, П. Бергло, X. Ю. Томсен, В. Ф. Лугинин ва дигар олимон такмил ёфт. Аввали асри 20 назарияи Термохимия дар асоси маълумоти квантӣ ва статистикӣ тараққӣ кард. Маълумоти термохимиявӣ (ҳарорати ҳосилшавӣ ва сӯзиши пайвастаҳои химиявӣ, таъсири ҳароратии реакцияҳо ва ғайра) ба таври васеъ дар технологияи химиявӣ истифода мешаванд. Дар асоси маълумоти термохимиявӣ ва бузургиҳои термодинамикӣ низоми мусоидтарини истеҳсолоти химиявиро муайян менамоянд. Усулҳои Термохимия дар химияи колоидӣ зимни омӯзиши ҳодисаҳои биологӣ низ васеъ ба кор меравад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …