Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТЕРМОТЕРАПИЯ

ТЕРМОТЕРАПИЯ

ТЕРМОТЕРАПИЯ (аз термо… ва …терапия), муолиҷа бо гармӣ, маҷмӯи усулҳои физикотерапевтист, ки гармии манбаъҳои табиӣ ва сунъиро истифода мебаранд. Дар шароити хона аз гармкунак (грелкаҳои обӣ ва электрӣ, ЗИДДИ гарм (масалан, кулӯхтаф, пиёздоғ, сабӯсдоғ, лойдоғ, реги гарм, такмид (компресси гармкунанда) ва ғайра истифода мебаранд. Термотерапия дар муассисаҳои табобатӣ ба воситаи лампаи электрикӣ гармкунандаи Минин, нурҳои инфрасурх, лой, парафия, озокерит ба ҷо оварда мешавад. Барои тезонидани гармиҳои электрикӣ бофтаҳои бадан аз индуктометрия, майдони электрии баландбасомад ва микромавҷҳо истифода мебаранд.

termotirapiya

Манбаъҳои гармии табии ҳангоми истифода ба организм таъсири химиявӣ ва механикӣ низ мерасонад. Механизми таъсири Термотерапия мураккаб буда, дар организм реакцияҳои чузъӣ (дар ҷои иллати узв) ё куллӣ (тамоми организм)-ро ба амал меорад. Реакцияҳои ҷузъӣ асосан гардиши хун ва лимфа, процессҳои тағзияи асабиро беҳ мегардонад. Реакцияҳои кулли бошанд, бо таъсири рефлексию хилтӣ ба системаҳои асаб, дилу рагҳо, системаи эндокринию иммунологӣ ва ғайра вобастаанд.
Термотерапияро ҳангоми муолиҷаи бемориҳои асаб, узвҳои такяю ҳаракат, гӯш, гулӯ, бинӣ, узвҳои бавлу таносул, шикастагиҳои устухон ва ғайра истифода мебаранд. Истифодаи Термотерапия дар мавриди омосҳо, навъҳои фаъоли касалии сил, амрози хун, дилу раг ва ғайра норавост.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …