Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ МИНИАТЮРА

ТЕАТРИ МИНИАТЮРА

333

ТЕАТРИ МИНИАТЮРА, як навъ театр, ки репертуари онро асосан песаҳои якпардагӣ ва дигар намоишномаҳои кӯтоҳ (интермедия, водевил, пародия, монолог, саҳнаҳои хореографию мусиқӣ, масхарабозӣ ва ғайра) ташкил медиҳанд. Дар СССР яке аз машҳуртарин театри минятура театри давлатии миниатюраи Ленинград (роҳбараш А. Райкин) ба шумор меравад.

Дар театри анъанавии халқии тоҷик унсурҳои театри минятура бештар дар баромади ширинкорону масхарабозон дучор мешуд. Солҳои охир телевизион аз имкониятҳои театри минятура босамар истифода мебарад. Мисоли ин «Қаҳвахонаи 13 курсӣ»-и Телевизиони марказӣ, «Театри миниатюра» ва «Чойхонаи дилкушо»-и телевизиони тоҷик аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …