Маълумоти охирин

ТАВБА

ТАВБА (бозгаштан, руҷӯъ кардан), дар тасаввуф, зинаи такомули рӯҳиро гӯянд, ки зимни он дар ҳаёти солик таҳаввуле ба вуҷуд омада, ибтидои маърифати тасаввуфӣ шурӯъ шавад. Дар ин марҳила солик тасмом мегирад, ки муносибати расмии худро бо шариат қатъ намудан ба камолоти маънавӣ бипардозад. Дар шариат тавба бозгаштан аз гуноҳи қаблан содиршуда аст. Дар тасаввуф бошад, солик дар ин мақом ҳаёти худро тағйир дода, роҳи маърифати ирфониро пеша мекунад.

tavakkul
Чуллобии Ҳаҷвирӣ дар «Кашф-ул- маҳҷӯб ли арбоб-ил-қулуб» оварда, ки агар дар шариат касе қасди хизмат кунад, бояд аз таҳорати зоҳирӣ (бо об) шурӯъ кунад, дар тасаввуф агар касе роҳи маърифатро пеш гирад, бояд аз таҳорати ботинӣ ё худ тавба шурӯъ кунад. Ва фикри муҳаққиқони тасаввуф анализ зинаи мақоми тавба иҷобат (ба феъл), зинаи баъдӣ инобат (ба дил) ва зинаи ниҳоӣ тавба аст. Онҳо инчунин тавбаро ба тавбаи ом (умуми) ва хос (хусусӣ) тақсим намудаанд. Тавбаи ом аз гуноҳ баргаштан буда, тавбаи хос аз ғафлат бедор шудан ва роҳи маърифати ирфониро пеш гирифтан аст.
Тавба яке аз зинаҳои маърифати ирфонӣ буда, мазмуну маънии илмӣ надорад. М. Хазратқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …