Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ТОШКЕНТ

Шаҳри ТОШКЕНТ

ТОШКЕНТ, пойтахти Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон маркази вилоят Тошкент. Дар водии дарёи Чирчиқ воқеъ аст. Узели роҳи оҳан. Аҳолиаш 1986 ҳазор нафарар (1984). Ба 10 район тоқсим шудааст.
Дар Тошкент зиёда аз 200 корхонаи саноатӣ ҳаст. Соҳаҳои асосии саноат: мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ. Корхонаҳои калонтаринаш: «Ташсельмаш», «Узбексельмаш», «Таштекстилмаш», комбинати бофандагӣ, заводи авиационии ба номи В. П. Чкалов, заводҳои экскватор, кабели электрӣ ва ғайра. Аз соли 1977 метрополитен кор мекунад.

tashkent
Дар Тошкент Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Узбакистон, 19 донишкадаи олӣ (аз ҷумла университет), 9 театр, 8 музей мавҷуд аст. Ёдгориҳои меъмории шаҳр ба асрҳои 15—16 тааллуқ доранд. Тошкент яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна аст. Дар ҳудуди шаҳр ашёи асри санг ёфт шудаанд. Аз қабристонҳои ҳудуди Тошкент оинаҳои биринҷӣ, тангаҳои давлатҳои гуногуни асрҳои аввдли то м. ба даст омадаанд. Маҳалҳои аҳолинишини шаҳр дар асрҳои 4—5 м. ба вуҷуд омада, дар маъхазҳои таърихӣ бори аввал бо номи Чоч (Шош) номбар шудааст. Дар асрҳои 8—9 шаҳр Банокат ном дошта, маркази вилояти таърихии Чоч гардид. Онро ибтидои асри 8 арабҳо истилоданд. Шаҳр бо номи Тошкент аввалин маротиба дар асри 11 қаламдод шудааст. Дар асрҳои 9—10 дар ҳайати давлати Сомониён, аз охири асри 10 то ибтидои асри 13 дар ҳайати давлати Қарахониён ва Қарахидониён буд. Ибтидои асри 13 Тошкентро шоҳи Хоразм Муҳаммади Хоразмшоҳ забт кард ва бо амри ӯ соли 1214 шаҳр хароб ва СОКИНОНАШ муҳоҷир карда шуданд. Дар асри 14 Тошкентро Темур ба давлати худ ҳамроҳ карда, ба яке аз калонтарин қалъаҳо табдил дод. Дар нимаи дуюми асри 16 Тошкент ба хонии Бухоро ҳамроҳ шуд.
Дар асрҳои 17—18 онро қазоқҳою қалмоқҳо забт намуданд. Соли 1809 ба ҳайати хонии Хӯқанд, соли 1865 ба ҳайати империяи Россия ҳамроҳ гардид. Аз соли 1867 маркази генералгубернатории Туркистон ва вилояти Сирдарё буд. Соли 1899 то Тошкент роҳи оҳани Закаспий ва соли 1906 роҳи оҳани Оренбург— Тошкент сохта шуд. Тошкент узели асосии роҳи оҳани, пункти савдо ва транзитии Осиёи Миёна гардид. Соли 1913 дар Тошкент 111 корхонаи хурди саноатӣ, 3,5 ҳазор корхонаи косибӣ буд, 22 ширкати русӣ ва хориҷӣ амал мекард. Солҳои 1905—07 Тошкент ба маркази ҳаракати революционии халққои Осиёи Миёна табдил ёфт. Соли 1906 дар ин ҷо Конференцияи 1-уми кишварии ташкилотҳои с. д.-и Туркистон баргузор шуд. Соли 1912 дар лагерҳои ҳарбии назди Тошкент шӯриши сапёрҳои Туркистон ба амал омад. Соли 1917 пролетариати Тошкент ба ҳаракати революционии кишвар сарварӣ кард: 28 октябри (10 ноябр) 1917 комитети революционӣ таъсис ёфт ва барои ҳокимияти Советҳо шӯриш сар шуд. 1 (14) ноябри 1917 қалъаи ҳарбӣ, ки онро аскарони Ҳукумати муваққатӣ мудофиа мекарданд, ишғол карда шуда, дар Тошкент Ҳокимияти Советӣ барпо гардид. Моҳи апрели 1918 Тошкент пойтахти Ресспубликаи Автономии Совети Сотсиалистии Туркистон шуд. Июни 1918 дар Тошкент Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Туркистон баргузор шуд. Дар солҳоӣ Ҷанги гражданӣ (1918—20) Тошкент маркази муборизаи халққои Осиёи Миёна бар зидди босмачиён ва интервенсияи ҳарбӣ гардид. Соли 1924 ба ҳайати Ресспубликаи Совети Ссотсиалистии Узбакистон ҳамроҳ шуда, аз соли 1930 пойтахти он қарор гирифт. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) аз ноҳияҳои ғарбии СССР ба Тошкент корхонаҳои саноатӣ, донишкадаҳо ва муассисаҳои маданӣ кӯчида омаданд Тошкент солҳои баъди ҷанг маркази саноати вазнин (асосан мошинсозӣ) гардид. Тошкент ҷои вохӯриву симпозиумҳои намояндагони мамлакатқои Осиё ва Африка аст. Дар ин ҷо роҳбарони Ҳиндустон ва Покистон ба декларасияи соли 1961 имзо гузоштанд. Соли 1966 дар Тошкент зилзила ба амал омад, ки зарари он бо ёрдами республикаҳои бародарӣ барҳам дода шуд. Шаҳр бо ордени Байрақи Сурх (1924) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …