Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХ» – асари Геродот

«ТАЪРИХ» – асари Геродот

«ТАЪРИХ», номи яке аз асарҳои Геродот, ки шартаи олимони замони Искандари Макдунӣ ба 9 китоб тақсим кардаанд. Асар дар асоси мушоҳидаҳои муаллиф ва манбаъҳои таърихӣ ҳамосаҳо ва ғайра таълифшудааст. «Таърих» асосан воқеаҳои муҳимми снёсии таърихи Юнон — ҷангҳои Юнону Эрон (500—449 то м.)-ро дарбар мегирад. Чор китоби аввал муқаддимаи муфассал ба шумор рафта, ба таърихи Шарқи ҳамонвақта оиданд. Рабти асосии асар зуд-зуд бо руҷӯъҳое канда шудааст, ки дар онҳо роҷеъ ба мавзӯю масъалаҳои гуногул маълумоти пурарзиш оварда шудааст. Танҳо аз китоби 5-ум Ҳеродот ба мавзӯи асосӣ, тасвири таърихи ҷангҳои Юнону Эрон мегузарад. «таърих» бо фаровонӣ ва аниқии маълумот ва бадеияти худ аз асарҳои хамосӣ, таърихию ривоятии гузашта фарқ мекунад. Маҳз ба туфайли ҳамин хусусиятҳо, инчунин бузургҳаҷмию ягонагии мақсад «Таърих» нахустин асари таърихӣ ба шумор рафта, муаллифи он «падари таърих» шинохта шудааст. Дар «Таърих» оид ба таърихи мардуми соҳилҳои шимоли баҳри Сиёҳ, Моварои Кавказ ва Осиён Миёна низ маълумоти пурарзиш малҷуд аст. И. В. Пьянков.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …