Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТАШКИЛИ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ

ТАШКИЛИ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ

ТАШКИЛИ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ, ташкили ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, маҷмӯи тадбирҳоеро гӯянд, ки дар роҳҳо бо суръати матлуб ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт ва бехатарии онро таъмин менамояд. Дар Конференсияи ТДМ (Бена, 1968) шартномаҳои байналхалқӣ — «Конвенсия оид бд ҳаракати нақлиёт» ва «Конвенсия дар бораи аломат ва ишоратҳои роҳ» қабул шудаанд, ки дар онҳо таҷрибаҳои пешқадами мамлакатҳои Европа дар Ташкили илмии нақлиёт инъикос ёфтаанд. СССР ин шартномаҳоро имзо кардааст; дар СССР вазифаи асосии Ташкили илмии нақлиёт инҳоанд: ба ронандагон ва пиёдагардҳо омӯзонидани қоидаҳои ҳаракат, эътирофи қоидаҳои ҳаракати нақлиёт ва ҳатман риоя намудани он, беҳтар намудани шароитҳои роҳ ва такмили воситаҳою танзими ҳаракати нақлиёт. Ба иштироккунандагони ҳаракати нақлиёт (ронакдагон, пиёдагардҳо, пассажирҳо) як қатор талабот пешниҳод мешавад, ки онҳо дар қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар ҳуҷҷатҳо ифода ёфтаанд.

transport

Масалан, ҳар шахси 18-сола, ки дар Инспексияи давлатии автомобилӣ (ГАИ) ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ (дар идора кардани воситаи нақлиёт) аз санҷиш гузаштааст, метавонад ронандан автомобил шавад. Ба ғайр аз он, саломатии ҳар як ронанда бояд талаботи махсуси тиббиро қонеъ гардонад. Инкишофи ҳаракати нақлиёт, мураккаб шудани вазъи роҳҳо водор мекунад, ки ба пиёдагардҳо ҳам қоидаҳои оддии беҳатари омӯзонда шавад; барои риоя накардани шартҳои қабулшудаи ҳаракати нақлиёт на фақат ронандагон, балки дигар иштирокчиёни ҳаракати нақлиёт ба ҷавобгарии маъмурӣ ва агар он ба оқибатҳои нохуш ва фалокат оварда расонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Барои ташкили дурусти ҳаракати нақлиёт «Қоидаҳо ва нормаҳои сохтмон», ки дар асоси онҳо шабакаи роҳҳои мамлакат ба лоиҳа гирифта ва сохта мешаванд, инчунин стандартҳои бехатарии автомобилсозӣ аҳамияти калон доранд. Онҳо тадбирҳои зарурии техникиро оид ба беҳтар намудани шароитҳои роҳ ва такмили сохти воситаҳои нақлиёт амалӣ мегардонанд. Дурустии воситаҳои нақлиёт дар зери назорати ГАИ мебошад. Ташкили илмии нақлиёт дар СССР ба тадқиқоти қонуниятҳои ҳаракати нақлиёт вобаста буда, пешомадҳои инкишофи нақлиёти автомобилиро ба назар мегирад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …