Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАДҚИҚИ АМАЛИЁТ

ТАДҚИҚИ АМАЛИЁТ

ТАДҚИҚИ АМАЛИЁТ, омӯзиши операсияҳо, як соҳаи кибернетикиро гӯянд, ки барои ҳалли масъалаҳои ташкилӣ (аз ҷумла масъалаҳои иқтисодӣ — тақсимоти манбаву захираҳо, танзими захираҳо ва ғайра) истифода мешавад. Моҳияти назариявии тадқиқи амалиётро таҳлил ва ҳалли масъалаҳои математикии интихоби мусоидтарин унсури маҷмӯи ҳалҳои имконпазир ташкил медиханд. Ҷиҳати амалиаш аз тартиб додани масъалаҳои мазкур ва татбиқи онҳо дар соҳаҳои мухталифл илм ва хоҷагии халқ иборат аст.
Доираи татбиқи тадқиқи амалиёт хеле васеъ мебошад. Тадқиқи амалиёт дар ҳалли масъалаҳои ҳарбӣ, техникӣ, идораи истеҳсолот, соҳаҳои хоҷагии халқ, давлат истифода бурда мешавад. Услуби асосии тадқиқи амалиёт таҳлили системавии амалхои бомаром (онерасияхо) ва қадри объективӣ (аз ҷумла миқдорӣ)-и натиҷаҳои имконпазири ин
амалҳост. Дар СССР ва дигар мамлакатҳо дар ундверсвтетҳо тадқиқи амалиёт таълим дода мешавад. Асарҳои илмӣ оид ба тадқиқи амалиёт дар журналҳои «Орегаtional Rasarch Qnartorlu» (Лондон) ва «Орегаtions Reserch» (Балтимор) нашр мегарданд. М. Илолов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …