Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАБУН

ТАБУН

ТАБУН (немисӣ Таbun), эфири этилии диаметиламиди кислотаи сианфосфат, (СНз)2 N(С2Н5O) G(N) , моеъи беранг; I гудозиш —50°С, ҷӯшиш қариб 230°С; зичиаш 1087 кг/ма (20°С). Дар об қариб 12% ва дар ҳалкуналдаҳои органикӣ нағз ҳал меешавад.

tabun

Табун моддаи заҳрнок аст; дар об суст гидролиз мешавад. Табун бо маҳлули обии ишқорҳо, аммиак ва аминҳо бо осонӣ ба реаксия медарояд. Бииобар ин моддаҳои мазкурро барои дегазасияи (безараргардонии) табун ястифода мебаранд, маҳсули дегазасияи он заҳрнок аст, чунки дар он намакҳои кислотаи сианат мавҷуданд. Табунро дар натиҷаи паи ҳам бо ҳамдигар таъсир намудани хлоргидрати диметиламин, спирти этил ва КHN аз рӯи реакcияи зерин ҳосил межунанд:
(СН3)2 NH•НС1 + РОС1з (СН3)2NРОI T
Консентрасияи марговари табун дар ҳасво 0,4 мг/л дар 1 дақиқа ва ҳангоми дар ҳолати моеъ ба пӯст таъсир кардан 50—70 мг/кг мебошад. Аз табун худро бо противогаз ва либосқои махсус муқофизат мекунанд. Табун ро аввалин бор пеш аз Ҷанги дуюми ҷаҳон истеҳсол карда буданд, вале дар ҷанг истифода нашуд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …