Маълумоти охирин
Главная / Биология / СУХТАНӢ

СУХТАНӢ

d6c7264ad393cc1_621x300

СУХТАНӢ, сиёҳзахм, оташе, ки бемории сироятии шадиди ҳайвонот ва одамро гӯянд, ки онро як навъ қаламчамикроб (Ваsilusаnthrasis) ба вуҷуд меорад. Одам аcосан ҳангоми нигоҳубини ҳайвоноти хонагӣ, истеъмоли шир, гӯшт, истифодаи пашм ва пӯсти чорво, инчунин аз хоку оби микробдор сироят меёбад. Одатан пӯст, баъзан рӯда, шуш ва хун (Сухтани уфунӣ) Сухтанӣ мешавад. Сухтании пуст дар натиҷаи сирояти ҷойҳои зарардидаи пӯства газидани ҳашарот (хармагас) пайдо мешавад; давраи пинҳонӣ (инкубасионӣ)-аш то 8 шаборӯз. Ҳангоми баморӣ ҳарорат баланд ва одам беқувват шуда, сараш дард мекунад. Дар он қисми пуст, ки микроб даромадааст, доғи сурх (минбаъд ба гиреҳча, обилача, рихинақ карахши сиёҳ табдил меёбад) ва варам пайдо мешавад; баъд аз 2—3 рӯз реши бедард ба вуҷуд меояд. Ҳангоми ба хун дохил шудани барангезанда Сухтани уфунӣ ба вуҷуд меояд. Одатан баъди Сухтан иммунитети устузор ҳосил мешавад. Пешгирӣ: тарғиботи санитарию ветеринарӣ, карантин; дезинфекцияи манбаи беморӣ.
Сухтан дар ҳайвонот аз қадимулайём маълум аст. Ба Сухтанӣ бештар гӯсфанд, буз, гов, асп, хар, шутур, гавазн ва ғайра гирифтор мешавад. Ҳангоми Сухтании хеле вазнин аз даҳонубинӣ кафки хунолуд ва аз мақъад хуни сиёҳ амада, ҳайвон баъди якчанд соат ҳалок мешавад. Пешгирӣ ва усулҳои мубориза: карантин, ҷудо нигоҳдорӣ (язоляция) ва муолиҷаи ҳангоми бемор, дезинфекцияи бино, сӯзонидани ҳайвони мурда ва ғайра.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …