Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СӮҲРАВАРДИЯ

СӮҲРАВАРДИЯ

СӮҲРАВАРДИЯ (аз номи маҳаллаест дар Эрон), як силсилаи тасаввуфро гӯянд, ки асосгузори он Шаҳобуддин Абулҳафз Умар ибни Муҳаммади Сӯҳравардӣ буд. Мувофиқи маълумоти сарчашамҳои асрҳои миёна Суҳравардӣ шогирд ва бародарзодаи Абӯнаҷиби Сӯҳравардист. Шаҳобуддин Муҳамади Сӯҳраварди Сӯҳравардияро аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намуд ва зинаҳои асосии маърифати ирфониро инкишоф дод.
Силсилаи Сӯҳравардияро Баҳоуддин Закариёи Мултонӣ дар Ҳиндустон интишор дод. Фахруддин Ироқӣ ва Амирҳусайни Ҳиравӣ шогирдони Мултонӣ ва пайравонн силсилаи мазкур буданд. Силсилаҳои ҷалолия дар Ҳиндустон, ҷамолия дар Эрон, зайния ва хилватия дар Осиёи Хурд ва равшания дар Афғонистон дар заминаи силсилаи Сӯҳравардия пайдо шудаанд. Сӯҳравардия дар Ҳиндустону Покистони имрӯза низ пайравони худро дорад, М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …