Главная / Биология / ШИРИНАК

ШИРИНАК

ШИРИНАК, 1) як навъ себи маҳаллиро гуянд. Дарахташ сершохи аҳромшакл (диаметраш 4 м), ғафсии танааш 74 см, навдаҳои яксолааш хокистарранги сабзтоб, баргаш байзашакли нугтез (дарозиаш 5— 6 см), мевааш байзашакли зарди гулобитоб (дарозиаш 4—7 см, бараш 3,1—4,1 см, ғафсиаш 3—4 см, вазнаш 42—65 г). Ш.-ро дар к-зи «Ҳақиқат»-и p-ни Кулоб мепарваранд. Асосан барои тархурӣ истифода мебаранд; 2) як навъ зардолуи маҳаллиро гуянд. Онро дар деҳаи Оқтераки p-ни Ховалинг мепарваранд. Мевааш бодомшакли майда (дар донааш 12—14 г), зарди гулобитоб, пусташ пашмакдор. Зардолуи сершираву хуштаъм аст, бештар барои тархурӣ истифода мебаранд. Мағзаш ширин. Ш. дар заминҳои лалмӣ ҳосили хуб медиҳад.

С. Маҳмадаминов, Н. Шакуров.

seb

Инчунин кобед

saharoza

САХАРОЗА

САХАРОЗА, қанди найшакар ё лаблабу, яке аз муҳимтарин дисахаридҳост, ки дар ҳамаи растаниҳои фотосинтезкунанда мавҷуд …