Никопол, шаҳрест дар вилояти Днепропетровски РССУ, дар соҳили обанбори Каховкаи дарёи Днепр. Бандари дарёй, стансияи роҳи оҳан Аҳолиаш 146 ҳазор нафар (1979). Никопол— маркази калони истеҳсоли маъдани манган. Корхонаҳои калонаш: 3аводи металлургии ғулбасозии Никопол, заводҳои феррохӯла, истеҳсоли мошинҳои бинокорию роҳсозӣ, истеҳсолу монтажи дегҳои буғӣ, механикӣ, конструсияҳои оҳану бетонӣ, таъмири механизмҳо ва ғайра, фабрикаи дӯзандагӣ. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ низ мавҷуданд. Факултети умумитехникии Институти металлургии Днепропетровск, техникумҳои металлургӣ, гидромелиорасия ва механизасиян хоҷагии қишлоқ, омузишгоҳҳои тиббӣ, педагогӣ, музеи кишваршиносӣ ҳаст. Никопол соли 1774 бунёд ёфта, аз соли 1782 — шаҳр. Бо ордени Дӯстии халқҳо мукофотонида шудааст (1980).