Маълумоти охирин
Главная / Биология / САРСАЗАН

САРСАЗАН

САРСАЗАН, нимбуттаест аз оилаи о. То 60 сантиметр қад мекашад, пояаш банд-банди сероб, баргаш шакл, гулаш майдаи дуҷинса, байзашакли сиёҳтоб. Моҳҳои—сентябр гул, сентябр—ноябр мева мекунад. Асосан дар шӯразамини нимбиёбонҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР мерӯяд.

sarsazan

Дар Тоҷикистон бештар дар шуразаминҳои вилоятҳои Ленинобод (Ашт, Конибодом) ва Қурғонтеппа (Колхозобод, Ҷиликӯл ва ғайра) месабзад. Сарсазанро зимистон шутур, асп, гӯсфанди қарокӯлӣ нағз мехӯрад. Хошоки Сарсазан (навдаҳои яксола дар давраи гулкунӣ) 16 % протеин, 4% равған, 40% моддаҳои қиёмии бенитроген, моддаҳои минералӣ (0,15% Р, 10,5% Са, 2,95%К, 0,7% Мя, 0,3% 8 ва ғайра) дорад.
Адабиёт: Л а р и н И. В. [ва диг.]. Кормовые растения сенокосов и пастбищ Союза Советских Социалистических Республик СССР. том 2, Москва—Ленинград, «1951; Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 3, Ленинград, 1968. А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …