Маълумоти охирин
Главная / Илм / САНГҲОИ РЕЗАКОРӢ

САНГҲОИ РЕЗАКОРӢ

САНГҲОИ РЕЗАКОРӢ, минералҳо ва ҷинсҳои кӯҳии хушрангу зебоеро гӯянд, ки барои резакориҳои бадеию ороишӣ (хотамкорӣ, сохтани гулдонҳо, ҳар гуна маснуоти заргарӣ ва ғайра) истифода мешаванд. Сангрезаҳои резакорӣ аз рӯи хусусиятҳои физикию механикиашон с а х т (сахтиашон мувофиқи шкалаи минералогӣ 5 ва аз он боло, аз қабили нефрит, яшм, ақиқ ва ғайра) ва н а р м (сахтиашон 4 ва аз он поён, ба мисли малахит, мармари сулаймонӣ, стеатит, флюорит ва ғайра) мешаванд. Арзиши Сангҳои резакориро камёфт будану сифатҳои махсус доштанашон (ранги хуш, махсусан нақшҳои зебо), инчунин меҳнати барои сайқалдиҳии онҳо сарфшуда муайян мекунанд.

59085282
Дар кӯҳҳои Тоҷикистон бисёр намудҳои Сангҳои резакорӣ мавҷуданд. Лоҷварди Помири Ҷануби Ғарбӣ, яшм, серпентинит ва офикалсити Дарвоз, арагонит, мармари сулаймонии Тоҷикистони Марказӣ, обсидиан, кварс, санги моҳтобӣ (гипс-селенит) -и Тоҷикис- тони Шимолӣ аҳамияти амалӣ доранд. (Дар фабрикаҳои «Армугон-и Душанбе ва корхонаҳои сангтарошии шаҳри Ленинобод, деҳаи Поршневи райони Шуғнон аз лоҷвард, (Мармари сулаймонӣ, серпентинит, мармари ранга, яшм, офикалсит ва ғайра гулдону шамъдонхо, сандуқча, «мӯҳра, ҳар гуна қуббачаҳои зинати занона ва дигар армуғонҳои сангин месозанд. Нигаред, низ Ҷавоҳирот.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …