Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САНДАЛИҲО

САНДАЛИҲО

САНДАЛИҲО , як оилаи растаниҳои дупалларо гӯянд, ки қариб 400 намуд (30—35 ҷинс)-и гиёҳ, буттаву дарахтонро дар бар мегирад. Аксари Сандалиҳо растаниҳои нимпаразитанд; дар шох ё бехи растаниҳои дигар месабзанд, барги сабз ва дар решаашон «макакҳо» (гаусторияҳо) доранд. Барги баъзе Сандалиҳои паразит ба пулакча табдил ёфтааст. Гулашои одатан майдаву боранг ва меваашон чормағзмонанд ё донакдор.

MINOLTA DIGITAL CAMERA

Сандалиҳо дар ҳар ду нимкураи замин, алалхусус дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикӣ фаровон аст. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР беш аз 20 намуди Сандалиҳо мерӯяд. Нигаред низ Сандал.
Адабиёт: Та хтв джян А. Л., Система и филогения цветковых растений, Москва— Ленинград, 1966.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …