Маълумоти охирин

САНБУСА

САНБУСА, як навъ хӯрок. Санбуса асосан дегӣ ва танӯрӣ мешавад. Барои пухтани Санбусаи дегӣ гӯштро аз гӯштқимакунак мегузаронанд ё бо корди ош қима мекунанд. Баъд ба он намак, дорувор пошида меомезанд ва дар равғани доғшуда 15—20 дақиқа бирён мекунанд. Сипас онро ба зарфи сирдор ё чинӣ андохта, то тай- ёр шудани хамирош болояшро пӯшида мемонанд.

sambusa

Хамирро завола гирифта боз мекунанд. Сипас заволаи бозшударо ба шаклҳои гуногун мебуранд ва ба рӯяш қима гузошта Санбуса таҳ мекунанд. Санбусаро дар дое бо равған мепазанд. Барои пухтани Санбусаи танӯрӣ хамирро 30—40 дақиқа дам медиҳанд, баъд онро 40—-50 граммӣ завола гирифта тарзе боз мекунанд, ки мобайнаш назар ба канорҳояш андаке ғафстар шавад. Нӯгҳои заволаи бозшударо ба ҳам ҷафс карда мечаспонанд. Қимаи Санбусаи танӯриро мисли қимаи Санбусаи дегӣ пешакӣ бирён намекунанд. Санбуса хелҳои бисёр дорад ва ба тарзҳои гуногун пухта мешавад.
Адабиёт: А м и н о в С., В а н у к е в и ч А., Таомҳои тоҷикӣ, Душанбе, 1967.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …