Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ ТЕР

РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ ТЕР

РЕСПУБЛИКАИ  СОВЕТИИ ТЕР (РСТ), республикаи советие, ки соли 1918 халқҳои вилояти Терро муттаҳид намуд. 3 (16) март дар Пятигорск аз тарафи Съезди 2-юми халқҳои Терек (съезди халқҳои вилояти Тер) ҳамчун қисми таркибии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР эълон карда шуд. 4 (17) март съезд Ҳукумати марказии Советиро (Совети Комиссарони Халқ) эътироф кард. 5 (18) март органи олии Ҳокимият — Совети халқии Терро (раисаш Е. С. Богданов) интихоб намуд, ки ба он намояндагони халқҳои кабардаю балқар, чечен, ингуш, казакҳои Тер ва ғайра дохил мешуданд. Съезд кори худро дар Владикавказ, ки аз он ҷо ҳукумати контрреволютсионии «Теру Доғистон» гурехта буд, ба охир расонд. Совети халқӣ ҳукумати Республикаи Советии Тер — Совети комиссарони халқро ташкил дод, ки ба ҳайати он меншевикони интернатсионалист ва эсерони чап (раиси Совети Комиссарони Халқ болшевик С. Г. Буачидзе, пас аз ҳалок шудани ӯ 20 июн эсери чап Ю. Г. Пашковский) дохил шуданд. Дар Владикавказ газетаи «Народная власть» («Ҳокимияти халқӣ») чоп мешуд. 13 (26) бо декрети Совети Комиссарони Халқ СКХ моликияти хусусӣ будани замин, ҷангал, сарватҳои аеризаминӣ бекор карда шуд, заминҳои шахсни бо меҳнати дигарон киштшаванда бояд дар байни деҳқонони камбағал тақсим карда мешуданд. Корхонаҳои саноатӣ ба зери назорати органҳои Ҳокимияти Советӣ гирифта шудаяд. Баъд аз қарори Съезди 1- уми Советҳои Кавкази Шимолӣ (7 июл) дар Екатеринодар дар бораи муттаҳид шудани ҳамаи республикаҳои советии Кавкази Шимолӣ ба Республикаи Советии Кавкази Шимолӣ дар шароити Ҷанги гражданӣ (1918—20) Республикаи Советии Тер мавҷудияти худро ҳамчун давлат давом медод. Съезди 4-уми халқҳон Терек (июл-август), ки бо роҳбарии Г. К. Орҷоникидзе гузашт, ҳайати нави Совети Комиссарони Халқро (раисаш болшевик Ф. X. Булле) тасдиқ намуд. Феврали 1919 территорияи Совети Комиссарони Халқро гвардиячиёни сафед забт карданд. Марти 1920 дар ин ҷо Ҳокимияти Советӣ барқарор карда шуда, Республикаи Советии Сотсиалистии Автономии Кӯҳӣ ташкил ёфт.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …