Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕЖИМИ ОБИ РАСТАНӢ

РЕЖИМИ ОБИ РАСТАНӢ

РЕЖИМИ ОБИ РАСТАНӢ, низоми оби растанӣ, мубодил а и об, ҷаббишу истифодаи об, ки барои нашъунамои растанӣ (му-бодилаи моддаҳо, рушд, инкишоф, афзоиш) зарур аст. Режими оби растанӣ аз се просесси муттасили ба ҳам сахт алоқаманд таркиб меёбад: аз хок ба решаи растанӣ дохил шудани об; тавассути решаю тана ба баргҳо ва бофтаҳои сабзандаи эмбрионалии дар поя ҷойгирбуда ва нуқтаи сабзиш баромадани об; аз баргҳо ба муҳити маҳал бухор шудани оби зиёдатӣ. Миқдори обе, ки растанӣ мегирад, ниҳоят зиёд аст. Дар иқлими намиаш мӯътадил як бех ҷуворимакка ё офтобпараст дар давраи нашв 100 литр об мегирад, як гектар майдони кишти гандум бошад, дар давоми тобистон 2—3 ҳазор метр3 обро бухор мекунад. Барои ҳосил кардани ҳар як кило (килограмм) ҳосили массаи хушки растанӣ ба ҳисоби миёна қариб 250—300 (дар иқлими хушк то 500—600) килограмм об сарф мекунад.

r-obi-rastani

Обро растанӣ аз замин тавассути решаҳои ҷавон ва мӯякрешаҳо меҷаббад. Ҳуҷайраҳои қисми берунии реша обро меҷаббанд, ҳуҷайраҳои дарунӣ бошанд, онро ба рагҳои реша медиҳанд. Ҳамин тавр, дар растанӣ фишори решагӣ ба амал меояд, ки он обро бо қувваи 2—3 атмосфера ба реша ва пояи растанӣ тела медиҳад.

Барои гирифтани ҳосили баланду устувор тадбирҳо оид ба захираи намии хок ва кам кардани сарфи об (масалан, захираи барф, шудгори тирамоҳӣ, баҳор барои нигоҳ доштани намӣ бармаҳал сихмола кардани замин, бунёд намудани минтақаҳои дарахтзори муҳофиз ва ғайра) аҳамияти ниҳоят калон дарад. Дар ноҳияҳои гармсер ирригасия ё обёрии сунъиро ба кор мебаранд. Вале намии изофаи хок барои растанӣ зарар дорад.

Эҳтиёҷи растаниҳо ба намӣ ҳар хел аст. Масалан, ксерофитҳо ба иқлими нисбатан хушк (биёбону нимбиёбон, дашт) ва камоб мутобиқ шудаанд. Дар ботлоқзору обанборҳо бошад, гидрофиту гигрофитҳо месабзанд.

Адабиёт: С к а з к и н Ф. Д., Критичесқий период у растений к недостаточному водоснабжению, Москва, 1961; Гусев Н. А., Физиология водообмена растений, дар китоби: Физиология сельскохозяйственных растений, том 3, Москва, 1967; Водный режим растений и их продуктивности, Москва, 1968.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …