Маълумоти охирин
Главная / Техника / РАДИОБАЛАНДИСАНҶ

РАДИОБАЛАНДИСАНҶ

radiobalandisanj

РАДИОБАЛАНДИСАНҶ (аз ра­дио…), радиоалтиметр, асбобест, ки бо ёрии радиомавҷҳо баландии парвози аппаратҳои париш (самолёт, радифи маснӯъ) ва ғайраро муайян мекунад. Баландии парвозро бо роҳи чен кардани фосилаи вақте, ки дар давоми он радиомавҷи афкандаи асбоб ба сатдҳ Замин бархӯрда ва аз он инъикос гардида, боз ба қабулкунаки асбоб меояд, муайян мекунанд. Радиобаландисанҷҳо ду навъ ме­шаванд: модулятсияашон бо модулятсияи басомадӣ ва импулсӣ (ниг. Модулятсия). Радиобаландисанҷҳои навъи якумро дар авиатсия бештар ҳангоми парвозҳои паст (масалан, ҳангоми фуромадан) исти­фода мебараид. Дар ин маврид Радиобаландисанҷ муттасил радисигналҳое меафканад, ки басомадашон даврӣ тағйир меёбад. Баландин аппарати паришро аз рӯи фарқи басомадҳои радиосигналҳои афканда ва ниъикосшуда, ки индикатори асбоб нишон медиҳад, муайян мекунанд.

Радиобаландисанҷҳои навъи дуюмро ҳам дар ави­атсия (масалан, ҳангоми аэрофотосуратгирӣ аз -баландиҳои калон) ва ҳам дар вақти парвозҳои кайҳонӣ (масалан, барои ирсоли амри дар баландии муайян аз сатҳи сайёра ба кор андохтани муҳаррики тормозии аппа­рат париш) истифода мебаранд. Дар ин маврид Радиобаландисанҷ импулсҳои кӯтоҳи радиосигнал меафканад. Балан­дии аппарати париш бо роҳи чен кардани фосилаи деромади радиоимпулсҳои инъикосшуда (нисбат ба импулсҳое, ки бевосита аз пере­датчики Радиобаландисанҷ ба қабулкунаки он меоянд) муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …