Маълумоти охирин
Главная / Илм / РАДИОАСТРОНОМИЯ

РАДИОАСТРОНОМИЯ

radioastronomiya

РАДИОАСТРОНОМИЯ (аз радио… ва астрономия), як фасли астроно­мия аст, ки дар он бо ёрии радиотелескопи объектҳои астрономӣ (ҷирмҳои осмонӣ — Офтоб, ситораҳо, галактикаеро ва ғайра)-ро зимни радиоафканишоти хосаи онҳо, ки дар диапазони мавҷҳои аз чанд мм то 40 м ба амал меояд, тадқиқ мекунанд (ниг. Астрофизика). Зимни тадқиқоти Радиоастрономия як қатор маълумотҳои пурқимат дастрас гардидаанд, ки муҳимтаринашон инҳоанд: а) маълумот дар бораи атмосфераи Офтоб, ки қабатҳои гуногуни он энергияи худро дар диапазонҳои мухталифи мавҷҳо меафкананд; б) маълумот дар бораи ташкилаҳои фаъоли Офтоб (доғҳо, афрузшиҳо ва ғайраҳо), ки имконият медиҳанд пайдоиши селҳои корпускулавӣ (аз ҷумла шуоъҳои кайҳонии пайдоишашон офтобӣ)-ро пешгӯӣ кунанд; в) маълумот дар бораи афканишоти гармӣ ва дигар характеристикаҳои қабатҳои сатҳӣ ва атмосфераи сайёраҳо (масалан, Зӯҳра); г) маълумот дар бораи радиошалпосе, ки ҳангоми афрӯзишҳои оптикии баъзе ситораҳои Галактика пайдо мешаванд ва дар бораи шарту шароитҳои физикии соҳаҳои тадқиқшаванда ахборот медиҳанд; д) маълумот дар бораи Мета­галактика, ки дар он зиёда аз 104 манбат радиоафканишот мушоҳида шуда, қпсми бештарашон галакти­каи хосае мебошанд, ки басо асрорангезанд. Радиоастрономия татбиқҳои амалӣ ҳам дорад, ки асоситаринашон инҳоанд: навигатсия (ҳангоми дар ҳавои тира истифода бурдани радиосекстантҳо); локатсияи ғайрифаъол (ҳосил кардани манзараи ҳароратии сатҳи Замин); техникаи антенӣ (ҳангоми мушоҳидаи манбаъҳои маълуми радиоафканишот параметрҳои антеннаҳон калонро чеп намудан). Астрономияи радиолокатсионӣ, ки дар он баъзе сайёраҳо, Моҳ, метеорҳо ва дигар объектҳои кайҳонӣ бо усули радиолокатсионӣ омӯхта ме­шаванд, фасли мустақили Радиоастрономияро ташкил додааст. Бисёр расадхонаву институтҳои астрономӣ дар соҳаи Радиоастрономия тадқиқот мебаранд. Дар СССР координатсияи кори онҳоро Шурои илмии АФ СССР оид ба проблемаи «Радиоастрономия» ва Шурои астрономии АФ ССCP ба зимма дорад. Дар миқёси байналхалқӣ фаъолияти ташкилотҳои радиоастрономиро Шурои байналхалқии астрономӣ роҳбарӣ менамояд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …