Маълумоти охирин

ПУЭБЛО

pueblo

ПУЭБЛО (Pueblo), номи испании (аз асри 16) гурӯҳи қабилаҳои ҳиндиҳои маҳаллӣ дар Ҷанубу Ғарби ИМА-и ҳозира. Шумораашон тақрибан 35 ҳазор нафар (1967). Бо забонҳои хони, сунъи, керес, тано гап мезананд; то миёнаи асри 20 забони дуюмашон испанӣ буд, ҳоло ҷои онро забони англисӣ гирифта истодааст. Аксарияти диндорони Пуэбло католиканд; дин ва расму оинҳои қадимӣ низ боқӣ мондаанд. Пуэбло авлоди қадимтарин деҳқононеанд, ки дар шимолтари Мексикаи ҳозира зиндагӣ карда, асри 11 ба дараҷаи баланди маданият (оббрӣ, зироат, техникаи мураккаби бинокорӣ, бофандагӣ, ку­лолӣ, истеҳсоли мис, нуқра, фирӯза, зумуррад) расида буданд. Асри 15 дар водиҳои дарёи Рио-Гранде ва шохобҳои он, инчунин пастхамии биёбони штатҳои ҳозираи Ню-Мексико ва Аризон, маскан гирифтанд. Соли 1958 заминҳои Пуэбло мулки Испания эълон карда шуданд. Соли 1680 П Пуэбло шӯриш бардошта, испаниҳоро аз сарзамини худ ронд, вале соли 1693 ҳукмронии испаниҳо аз нав барқарор гашт. Пуэбло аз испаниҳо чорводорӣ (хусусан гӯсфандпарварӣ), ғаллакорӣ ва боғдориро омӯхтанд. Соли 1821 сарзамини Пуэбло як қисми Мексика гардид ва дар натиҷаи ҷангҳои байни Америкаю Мексика (1846—1848) аЗ тарафи ИША забт карда шуд. Ҷамоаҳои ҳозираи Пуэбло  просесси тағйироти иҷтимоию иқтисодиро аз cap мегузаронанд, зиёиён ва пешвоёни мубориза баҳри ҳуқуқи ҳиндиҳо ба вуҷуд омаданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …