Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОБЛЕМА

ПРОБЛЕМА

ПРОБЛЕМА (юнонӣ ргоblema — масъала), ба маънои васеаш масъалаи мураккаби назариявӣ ё амалиеро гӯянд, ки омӯзишу ҳалро тақозо дорад; дар илм — ҳолати мухолифатомез, ки дар шакли мавқеъҳои тазод дар таъбири ягон ҳодиса, объект, просесс зоҳир гашта, барои ҳалли он назарияи айнӣ (адекватӣ) аарур аст. Гузориши дурусти Проблема за­минаи муҳими ҳалли бомуваффақияти он аст. Проблемаи нодуруст гузошташуда ё Проблемаи бардурӯғ муҳаққиқро аз ҳалли Проблемаҳои ҳақиқӣ дур месозад.

problem

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …