Маълумоти охирин
Главная / Биология / Гӯсфанди ПРЕКОС

Гӯсфанди ПРЕКОС

prekos

ПРЕКОС (франсавӣ рreсосе — бармаҳал, тезрас), як зоти гӯшту пашмдеҳи гӯсфандони маҳинпашм. Прекосро охири асри 19 дар Франсия дар натиҷаи ҷуфтии қӯчқорҳои зоти лейстер бо мешҳои зоти рамбуле ва дар гер­мания мериносҳои немисиро бо қӯчқорҳои зоти дарозпашми англисӣ ҷуфти дода ба вуҷуд овардаанд. Прекос пурқувват, калон; кади қӯчқор 70— 80 см ва меш 65—70 см. Танаш дарозу ғафс, тӯшаш калон ва пойҳояш рост. Вазни зиндаи қӯчқор 100— 110 кг, меш—55—60 кг. Аз қӯчқор дар як тарош 8—10 кг ва аз меш 3,8—4,2 кг пашм мегиранд. Аз 100 cap меш 140—150 барра мегиранд. Прекос ба СССР солҳои 1926—1931 аз Германия оварда шудааст; дар ноҳияҳои марказии РСФСР, Бошқирдистон, Тотористон, Украина, Белоруссия ва ғайра парвариш мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …