Маълумоти охирин

ПРЕЛЮДИЯ

ПРЕЛЮДИЯ, прелюд (аз лотинӣ praeludo — дебоча, орози кор, машқи пешакӣ), песаи созии мусиқӣ, ки бештар бо усули якканавозӣ иҷро мешавад. Аслан дебочаи асари мусиқиеро, ки бо уд, клавесин ва арғунун иҷро мешуд, Прелюдия меномиданд. Аввалин Прелюдияҳо бадеҳатан ба тарзи озод иҷро карда мешуданд, ки ба этюд монандӣ доштанд. Аз асри 18 м ҳамчун песаи мустақил барои созҳои тории клавишдор эҷод карда ме­шуд, дар ҳамин давра бастакори немис И. С. Бах як шакли устувор ва муҷази Прелюдия — фугаро офарид. Ӯ як силсила Прелюдия ва фугаҳо эҷод кард, ки ҳамаи мояи оҳангии мажорӣ ва минориро дар бар мегиранд. Чунин сил­силаҳо баъдтар ҳам пайдо шуданд («24 прелюдия ва фуга»-и Д. Шоста­кович барои фортепиано). Силсилаҳое низ ба вуҷуд омаданд, ки фақат аз Прелюдия таркиб ёфтаанд (дар эҷодиёти Ф. Шопен, А. Н. Скрябин, К. Дебюс­си, Д. Б. Кабалевский ва дигарон).

surud-nota

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …