Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИМЕРҲО

ПОЛИМЕРҲО

ПОЛИМЕРҲО (аз юнонӣ polymeres— бисёрҷузъа), моддаҳоеро гӯянд, ки молекулаҳояшон (макромолекулаҳо) аз миқдори зиёди звеноҳои моносмерии такроршаванда таркиб ёфтаанд. Масса (вазн)-и молекулавии Полимерҳо аз якчанд ҳазор кашида то миллионҳо мерасад. Полимерҳо табиӣ, маснӯъ ва синтезӣ мешаванд. Ба Полимерҳои т а б и ӣ сафедаҳо, кислотафои нуклеат, каучуки табиӣ, крахмал, селлюлоза, глюкоген, лигнин ва ғайрад охил мешаванд. Полимерҳои м а с н ӯ ъ дар натиҷаи коркарди химиявии Полимерҳои табиӣ (масалан, нитратҳои селлюлоза, пӯст ва ғайра) ҳосил мешаванд. Полиэтилен, полистирол, поли- пропилен, полиамидуо, полиэфирҳо, қатрояҳои фенолу формалдетидӣ, полиуретанҳо ва ғайраҳо аз ҷумлаи Полимерҳои синтезӣ мебошанд.

В. Кимсанов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …