Маълумоти охирин

ПОЭТИКА

sher

ПОЭТИКА (юн. poietike — санъати шоирӣ; дар асарҳои адабиётшиносии асрҳои миёнаи форс-тоҷик ба шакли «Бутиқо», «Фуитиқо» омадааст), истилоҳест, ки ду маънӣ дорад:

1) маҷмӯи сифатҳои бадеӣ, эстетикӣ ва услубӣ, ки хусусиятҳои ягон падидаи адабӣ, сохти дохилӣ, ҷузъиёт ва ҳамбастагии онро муайян мекунад; 2) яке аз соҳаҳои адабиётшиносӣ, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: омӯзиши ҷузъиёти умумӣ ва устувор, ки аз ҳамбастагии онҳо адабиёти бадеӣ, ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ, асарҳои гуногуни санъат таркиб меёбанд; муайян намудани қонунҳои ҳамбастагӣ ва таҳаввули ин ҷузъиёт, қонуниятҳои умумии инкишофи адабиёт, ташреҳ ва таснифи шаклҳои таърихан устувори бадеӣ (лирика, драма, эпос), ошкор сохтани қонуниятҳои ҳаракати таърихӣ ва таҳаввули онҳо. Поэтика, ки аз каломи бадеӣ ва услуб то қонунҳои таркиб ва таҳаввули ҷинсҳо ва жанрҳои адабӣ, ҳамчунин системаи яклухти инкишофи адабиёт масъалаҳои зиёдеро дар бар мегирад, бо услуб ва шеършиносӣ, бо эстетика ва назарияи адабиёт ҳамбастагӣ до­рад. Робитаи Поэтика бо таърихи  адабиёт ва танқиди адабӣ низ зарур аст. Поэтика ба маълумоти ин илмҳо такя кар­да, барои таснифу таҳлили матери­ал, ҳамчунин барои муайян намудани пайванди он бо анъана, тозагӣ ва арзиши бадеии он меъёри назариявӣ ба миён мегузорад. Поэтика умумӣ (тадқиқи қонуниятҳо ва ҷузъиёти умумии адабиёт) ва хусусӣ (Поэтикаи ягон шоир, нависанда, асари алоҳида) буда метавонад. Аз тадқиқоти олимони европоӣ, ки то замони мо расидаанд, рисолаи “Поэтика”-и Аресту таҷрибаи аввалини илми Поэтика аст. Арасту нахустин бор се ҷинси асосии адабиёт (эпос, лирика, драма)-ро аз ҷиҳати назарӣ муайян кард. Дар Юнони Қадим Поэтика умуман таълимот дар бораи санъати шоирӣ буда, оид ба масоили асосии эҷоди бадеӣ баҳс мекард. Баъдтар таъли­мот дар бораи моҳияти адабиёти ба­деӣ, муносибати он ба воқеият ва мақсади асосии он мавриди бадеӣ файласуфон қарор гирифт. Тадқиқи Поэтика бошад бо омӯхтани унсурҳои шаклии адабиёт маҳдуд гардид. Дар Европа роҳи якуми тадқиқ ба пайдоиши соҳаи махсуси дониш дар бораи назарияи санъат, яъне эсте­тика сабаб гардид. Дар Россия М. В. Ломоносов, В. К. Тредиаковский, А. X. Востоков, А. Н. Веселовский, Ал. А. Потебня дар инкишофи Поэтикаи илмӣ ҳиссаи калон гузоштанд. Инчунин дар пешрафти илми Поэтикаи рус ақидаҳои адабии А. С. Пушкин, И. В. Гогол, И. С. Тургенев, Ф. М. Достоевский, Л. Н. Толстой, А. П. Чехов ва дигарон классикон, ақидаҳои назарии В. Г. Белинский, Н. А. Доб­ролюбов ва дигарон аҳамияти хос доштанд. Дар Шарқ бо таъсири «Поэти­каи Арасту (тарҷумаи арабии он) назарӣ фалсафӣ ва мантиқӣ ба шеър ба вуҷуд омад, ки моҳияти он ба асоси ратсионалии фалсафа вобаста буд. Агар Арасту асоси зотии адаби­ётро ба шакли муҳокӣ (ҳикоявӣ) во­баста карда бошад, ба ақидаи адибон, файласуфони форс-тоҷик, масалан, Ибни Сино, шеър «каломи мухайял» аст. Поэтикаи форс-тоҷик ба ғайр аз таъ­сири «Поэтикаи Арасту сарчашмаҳои дигар (адабӣ пешазисломии эронӣ, адабӣ араб) ва роҳи инкишофу тараққиёти ҷудогонаро молик буд. Дар он ба тадқиқу омӯзиши ду ҷиҳати шаклии адабиёт (асосан шеър) эътибор дода мешуд: яке ваҳдати шаклу оҳанг ва қонуниятҳои умумии он (вазну қофия), дигаре забон ё таркиботи лафзӣ, ки дар он муно­сибати шаклию оҳанги гуфтор эъти­бори махсус дошт. Ҳамаи ин донишҳо илми шеършиносиро ба вуҷуд овард, ки дар программаи таълимии донишкадаҳои олӣ, аз ҷумла УДТ, ба сифати фанни мустақил бо унвони назмшиносӣ до хил гардидааст. Шеършиносӣ ҷузъе аз улуми  адабӣ буда, дар таснифи донишмандони гузаштаи мо аз арӯз, бадеъ, қофия ва луғат иборат буд. Дар илми шеършиносии форс-тоҷик ҷузъитарин масъ­алаҳои асари бадеӣ — шаклу мазмуни шеър, қофия, санъатҳои шеърӣ тадқиқ шудаанд. Бузургтарин оли­мони ин сода Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ (асри 11), Рашидуддини Ватвот (асри 12), Шамси Қайси Розӣ (асри 13), Шамси Фахрии Исфаҳонӣ (асри 14), Ҳусайни Воизи Кошифӣ (асри 15), Атоуллоҳи Маҳмуди Ҳусайнӣ (асри 16) ва дигарон мебошанд. Инчунин мулоҳизаҳои эстетикии суханварони форс-тоҷик дар ташаккули Поэтика мақоми намоён дошт. Тадқиқи мероси эстетикии К. Маркс ва В. И.. Ленин, принсипҳои фалсафии назарияи инъикос, таълимоти марксистӣ оид ба муносибати шаклу мазмун барои инкишофи Поэтикаи имрӯза заминаи зарурӣ ба миён овард. Эҷодиёт ва андешаҳои эстетикии нависандагони советӣ (М. Горкий, В. Маяковский ва дигарон) дар инкишофи Поэтикаи мардинаи наверо кушоданд. Ҳоло ду навъи фаҳмиши Поэтика ба назар мерасад. Баъзеҳо (Р. Якобсон, Ю. Лотман) Поэтикаи шаклиро пеш гузошта, вазифаи асо­сии онро аз тадқиқи забони асари бадеӣ иборат медонанд. Мувофиқи ақидаи дигарон Поэтика системаи воситаҳои бадеиро вобаста ба тарзи тафаккур ва мақсадҳои ғоявию иҷтимоии нависанда тадқиқ мокунад. Дар ин Поэтика принсипи баҳо ба асари бадеӣ принсипи таърихии муқоисавӣ буда, хусусияти зотии адаби­ёти бадеӣ дар робита бо таърихи инкишофи он омӯхта мешавад. Адабиётшиносии муосири тоҷик ба тадқиқи Поэтикаи осори адабии гузаштаву имрӯза кам машғул  шудааст. Дар адабиётшиносии тоҷик баъзе ҷиҳатҳои шакли асари бадеӣ асосан аз мавқеи шеършиносии гузашта тадқиқ мешавад. Дар омӯзиши Поэтикаи насри реалистии ҳозираи тоҷик комёбӣ бештар ба назар мерасад. Омӯзиши моҳияти бадеии шакли адабӣ ва муносибати он бо мазмуну ғояи асари бадеӣ асоси пешрафти адабиётшиносӣ ва Поэтикаи осори адабиёт хоҳад буд.

Ад.: Атоулло Ҳусайнӣ, Бадоеъ- ус-саноеъ, Д.. 1.974; Зеҳнӣ Т., Санъати сухан, Д., 1979; Аристотель, Об искусстве поэзии, М.. 1957; Б у а л о Н., Поэтическое искусство, М., 1957; Лот­ман Ю. М.. лекции по структурной поэтике, Тарту, 1964; Бахтин М. М., Проблемы поэтики Достоевского, М., 1972.

  1. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …