Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Перлюрачиги

Перлюрачиги

Перлюрачиги, ҳаракати миллатчигии буржуазӣ дар Украина дар давраи Ҷанги гражданй (1918— 1920); аз номи яке аз саркардагони он С. В. Петлюра гирифта шудааст. Асоси иҷтимоии Перлюрачигиро кулакҳои украин, буржуазияи маҳаллӣ ва зиёиёни буржуазии дорои рӯҳияи миллатчигӣ ташкил мекарданд. Илҳомбахш ва такягоҳи сиёсии Петлюрачиги партияҳои буржуазӣ ва майдабуржуазии миллатчигии Украина—Партияи сотсиал-демократии коргарии Укра­ина, Партияи сотсиал-револютсионерони Украина ва ғайра буданд. Тартиботи сиёсии Радаи марказӣ ва Директорияи Украина таҷассуми Петлюрачиши гардид. Баъди парокандашавии Редаи марказӣ петлюрачиён ҳам бо истилогарони Австрияю Германия ва ҳам бо П. П.. Скоропадский ҳамкориро давом доданд.

Ноябри 1918, вақте ки истилогарон шикаст хӯрданд, саркар­дагони Петлюрачиги бар зидди гетман Скоро­падский баромаданд ва 13 ноябри 1918 Директорияи Украинаро ташкил карданд. Баҳори 1919 петлюрачиён ба ҳуҷум гузашта, Киевро ишғол намуданд. Октябри 1919 Армияи Сурх петлюрачиёиро торумор кард ва боқимондаи петлюрачиён ба Полша гурехтанд. 21 апрели 1920 Петлюра бо Полша шартнома баст, ки мувофиқи он Полша ба ивази гирифтани Галиияи Шарқӣ, Волини Ғарбӣ ва як ҷисми Полесия «истиқлоли» Ук­раинаро эътироф намуд. Тобистони 1920 Армияи Сурх аз Украина қушунҳои Полшаи буржуазию поме­шикӣ ва петлюрачиёнро зада пеш кард (баъзе дастаҳои онҳо дар гу­бернияи Подолск боқӣ монда бу­данд). Петлюра кӯшиш кард, ки бо Врангел созиш кунад, вале ин ҳам натиҷа надод; баъди барҳам задани врангелчиён ноябри 1920 Армияи Сурх петлюрачиёнро ҳам торумор кард. Солҳои 1921—1922 дар Украина дастаҳои петлюрачиён ҳанӯз амал мекар­данд, аммо охири соли 1922 онҳо ҳам несту нобуд карда шуданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …