Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Печораҳо

Печораҳо

Печораҳо, печераҳо, халқи қадим, ки дар ҳавзаи дарёи Печора мезистаанд. Аввалин бор Печора дар сарчашмаҳои русии асрҳои 12—14 зикр ёфтаанд. Бо шикор, моҳигирӣ ва каму беш бо чорводорӣ машғул бу­данд. Аз территорияи Печораҳо роҳи қадим ба югра (заминҳои шимолӣ Урал) мегузашт. Печораҳо аз охири асри 11 ба Новгород хироҷ (мӯина) медоданд; асрҳои 12— 14 дар мулкҳои он мезистанд, аз асри 15 дар ҳайати давлати Рус дохил буданд. Дар сарчашмаҳои баъди асри 16 хотирнишон нашудаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …