Маълумоти охирин

Пахол

Пахол, пояи донаш кӯфта гирифташудаи зироати хӯшадор (арзан, қӯноқ, шолӣ), лӯбиёиҳо ва ғайра. Пахоли зироати ғалладонаро асосан ба сифати хӯроки чорво истифода мебаранад. Таркиби химиявӣ ва серғизоии Пахол ба намуди растанӣ, обу ҳаво, шароити чаьмъоварӣ, хирманкӯбӣ, нигоҳдорӣ ва дигар омилҳо вобаста аст. Пахол 35—45% клетчатка ва дигар ангиштобҳои мураккаби бадҳазм, 2—6% протеин (дар Пахоли лӯбиёиҳо 4—9%), 1,2—2%’ равған, 4—7% хокистар до- рад. 100 килограмм Пахоли арзан ба ҳисоби миёна 40 воҳиди хӯрокӣ ва 2,3 килограмм протеини ҳозим, Пахолии ҷав 33 воҳиди хурсикӣ ва 1,3 килограмм протеинн ҳозим дорад.

Дар Пахоли баҳорӣ протеин зиёд ва клетчатка кам ва аз ин рӯ нисбат ба Пахоли тирамоҳӣ серғизост. Азбаски ғизонокӣ ва ҳозимии Пахол паст аст, онро асосан барои зиёд кардани ҳаҷми муайяни вояи хӯрок истифода мебаранд ё ба хӯроки сершираи чор­во ҳамроҳ мекӯнанд. Барои он ки хушхӯр шавад, Пахолро реза мекунанд, буғ медиҳанд ва бо моддащои химиявӣ бо соҳаи калсийронида, оҳак, аммиак ва ғайра) кор карда мебароянд. Пахоли ғурӯша, ки бо омехтани консент­рат ва алафи хушк тайёр карда мешавад, маъмул мебошад.

Ба ҳайвоноти хонагӣ ҳама гуна Пахолро (ба чуз Пахоли марҷумак, ки баъзан боиси сурхшавии пӯст, варами бандҳо мегардад) хӯрондан мумкин аст. Пахоли хушсифати растаниҳои хӯшадор ранги кушоду ҷилодор дорад ва чандир мебошад; Пахоли кӯҳна мӯрт, серчанг буда, одатан бӯяш тунд аст. Пахолро барои хушконидани таги чор­во низ истифода мекунанд, барои тайёр кардани хишти хом, плитаҳои изолятсионӣ ва бурё чун ашёи хом ба кор мебаранд.

Пахолии зағир, канаб ва дигар растаниҳои нахдор барои гирифтани треста, ки аз вай нахи бофандагӣ ҷудо ме­кунанд, ашёи хом мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …