Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Партияи Коммунистии Колумбия

Партияи Коммунистии Колумбия

Партияи Коммунистии Колумбия (ПКК), 17 июли соли 1930 дар асоси Партияи револютсионии сотсиалистии Колумбия, ки аз соли 1926 амал мекард, ташкил ёфт. Солҳои 1937—46 Партияи Коммунистии Колумбия ПКК дар конгресс намоянда дошт. Солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Партияи Коммунистии Колумбия ПКК ғояҳои оппортупистии рости ревизионисти америкоӣ Э. Браудер нуфуз доштанд, ки дар натиҷа соли 1944 Партияи Коммунистии Колумбия ПКК Партияи сотсиаллстӣ-демократӣ номида шуд. Съезди 5-ум (1947) гурӯҳи ревизианистонро аз партия хориҷ кард ва номи пештараи партияро Партияи Коммунистии Колумбия (ПКК) барқарор намуд.

Охири солҳои 40—50 Партияи Коммунистии Колумбия ПКК дар муборизаи яроқноки деҳқонон барои замин иштирок кард. Солҳои 50 Партияи Коммунистии Колумбия ПКК ба таъқибот дучор шуд. Аз соли 1957 ба кори нимлегалӣ гузашт. Съезди 8-уми Партияи Коммунистии Колумбия ПКК (1958) вазифа гузошт, ки партияи оммавие барпо карда шавад, ки он авангарди синфи коргар шуда тавонад. Съезди 10-ум (1966) Программаи партияро қабул кард. Дар съеаздҳои 11-ум (1971) ва 12-ум (1975) ба программаи партия тағйрот дароварда шуд. Партияи Коммунистии Колумбия ПКК револютсияи халқии демократии зиддиимпериалистӣ ва зиддилатифунидиро вазифаи наздиктарин мешуморад. Аз соли 1974 Партияи Коммунистии Колумбия ПКК ба таври легалӣ кор мекунад, дар конгресс 2 ҷой дорад.

Ҳайатҳои вакилони Партияи Коммунистии Колумбия ПКК дар Маҷлисҳои машваратии байналхалқии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ (1957, 1960, 1969, Москва) иштирок карданд. Партияи Коммунистии Колумбия ПКК ҳуҷҷатҳои дар ин маҷлисҳо қабулшударо маъқул донист. Партияи Коммунистии Колумбия ПКК дар асоси прписипҳои сентрализми демократӣ сохта мешавад. Органи олии партия — съезд; дар байни съездҳо ба кори партия Комитети Марказӣ роҳбарӣ мекунад, ки он аз ҳайати худ Комитети иҷроия ва Котиботи Комитети Маркази-ро интихоб менамояд. Котиби генералии Комитети Мароказии Партияи Коммунистии Колумбия ПКК —X. Виейра. Органи марказиаш газетаи ҳафтаинаи «Вое пролетариа», органи назариявиаш журнали «Кокументос политикос».

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …