Маълумоти охирин

Ортиқов Болта

Ортиқов Болта (таваллуд 5. 5. 1924, Самарқанд), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи музадӯз. Соли 1952 фак­ултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Самарқандро ба итмом расонд. Муддате муаллими мактабҳои миёнаи райони Орҷоникидзеободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ва пас мудири шуъбаи мактабҳои журнали «Пионер» (ҳоло «Машъал») ва мухбири махсуси газетаи «Маориф ва маданият» буд.

Фаъолияти эҷодии Ортиқов аз соли 1953 шурӯъ шуда, аввалин ҳикояҳояш дар журнали «Пионер» дарҷ шудаанд. Бештар барои бачаҳо асар менависад. Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои «Овози ҷавонон» (1954), «Ҷиянҳои қишлоқиам» (1956), «Кон­фет” (1962), «Ба калонкардаат раҳмат* (1904), «Себи орухӯр» (1968), «Мактуби секунҷа» (1971), «Ҳандалак» (1973), «Балои азим» (1975), повестҳои «Таътил (1959), «Полвон* (1964), «Гули садбарг» (1966), «Бачаҳои Лолазор» (1975). Асарҳои Ортиқов ба забонҳои русӣ, украинӣ, эстонӣ, молдавӣ ва дигар халқҳои СССР тарҷума ва нашр шудаанд. Аз соли I960 узви ИН СССР.

Acос: Дурдонаҳои Зарафшон, Душанбе,1980,

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …