Маълумоти охирин

Оркней

Оркней (ҷазираҳои Оркней—Ork­ney Islands), галаҷазираест дар ҳай­ати ҷазираҳои Британия, дар наздикии канори шимоли Шотландия. Тобеи Британияи Кабир. Тақрибан 70 ҷазираро дар бар мегирад. Масоҳати умумии Оркней қа­риб 1000 километр2.

Аҳолиаш 17,1 ҳазор нафар (1971). Ҷазираи калонтарин — Мейн­ленд. Сатҳи ҷазираҳо — сертеппа. Ҷои аз ҳама баландтарашон 477 метр (ҷазираи Хой). Иқлимаш мӯътадили баҳрист. Боришоти солона 700—800 миллиметр. Аҳолӣ бо гӯсфавдпарварӣ, моҳидорӣ ва деҳқонӣ машғул аст. Шаҳри калонтаринаш — Кёркуолл.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …