Маълумоти охирин

Оҳии Ҳиравӣ

Оҳии Ҳиравӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, бастако­ри асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот буда, дар Бухоро фавтидааст. Дар ибтидо маишаташро аз касби нонвой таъмин мекард. Санъати мусиқиро аз ҳунармандони зодгоҳаш, махсусан аз Устод Шодӣ, писари ӯ Ғулом Шодӣ омӯхт. Оҳии Ҳиравӣ бештар бар ашъори Абдурраҳмои Ҷомӣ суруд мегуфтааст. Ӯ ба усули «Турк- зарб», «Таронаи Рости Панҷгоҳ»-ро (бар матни Ҷомӣ) тасниф кардааст.

Оҳии Ҳиравӣ баъди Ҳиротро фатҳ намудани Абдуллоҳхони Шайбонй ба Бухоро омад. Дар ин ҷо тавассути санъа­ти хуби иҷрокунандагиаш шӯҳрат пайдо кард. Дар усули «Зарбул- фатҳ» ба мақоми «Ироқ» се асари мукаммал тасниф карда, ба шогирдонаш Бобои Ҷангӣ ва Хоҷа Ҳамза мебахшад. Муаллифи чандин савт, амал, нақш, пешрав, кор низ буда­аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …