Маълумоти охирин
Главная / Илм / Нуриҳои комплексӣ

Нуриҳои комплексӣ

Нуриҳои комплексӣ, нуриҳоесгт, ки дар таркиби худ 2—3 моддаи ғизоии барои растанӣ муҳим (N, Р2Об, К20) доранд. Ба таркиби онҳо микроэлементҳои В, Mn, Си, Zn, Мо ва Гг-ро низ дохил кардан мумкин аст. Нуриҳои комплексии фосфору калийдор, нит­рогену фосфордор, нитрогену калийдор (дутаркиба) ва нитрогену фос­фору калийдор (сетаркиба) истеҳсол мекунанд. Нуриҳои комплексӣ вобаста ба тарзи истеҳсол мураккаб, мураккабу омехта ва омехта мешаванд.

Нуриҳои комплексии мураккабро дар натиҷаи таъсири байниҳамдигарии ам­миак, кислотаҳои нитрату фосфат, фосфоритҳо, аппатитқо, намакҳои табиии калий ва ғайра дар ҳолати дона-дона ҳосил мекунанд. Ба Нуриҳои комплексии мураккаб аммофос (56—64% моддаи ғизоӣ дорад), диаммофос (71—74%), нитрофос (38%), селитраи калий (57%), нитроаммофоска (50—54%), нитрофоска (36%() ва ғайра, инчунип нуриҳои моеъ, метафосфати калий, полифосфати аммоний ва ғайра мавсубанд.

Нуриҳои комплексии мураккабу омехтаро бо роҳи ба ҳам омехтани нуриҳои тайёр ва бо кислотаҳои сулфат, нитрат ва аммиак ё аммиакатҳо кор кардани онҳо ҳосил мекунанд. Нуриҳои комплексии мураккабу омехта то 58% моддаӣ ғизоӣ доранд.

Нуриҳои комплексии омехтаро маъмулан ба таври механикӣ омехтани нуриҳои тайёр (асосан суперфоофатро бо ну­риҳои нитрогендор ва хлориди ка­лий) ҳосил мекунанд. Селитра ва дигар нуриҳои аммиакиро бо термофосфатҳо, хокистар ва дигар нуриҳои ишқорнок, инчунин карбамид омехтан мумкин нест, зеро нитроген дар ин маврид нобуд мешавад. Ҳангоми тайёр намудани Нуриҳои комплексӣ таносуби омехтаҳоро аз рӯи хусусиятҳои биологии зироат ва хосияти хок муқаррар ме­кунанд.

Нуриҳои комплексиро барои ҳама гуна зироат истифода мебаранд. Нуриҳои комплексии мурак­кабро пеш аз ҳама барои зироати техники (пахта, лаблабуи қанд ва ғайра) ба кор мебаранд.

Адабиёт: Справочная книга по химизации сельского хозяйства, Москва, 1969.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …