Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Номаҳои бостон

Номаҳои бостон

«Номаҳои бостон», ёдгории хаттии қадимӣ ба забони суғдӣ. Соли 1906 экспедитсияи археологӣ бо сардории олими англис Аурел Стейн дар харобаҳои манораи дидбонӣ дар қисми ғарбии шаҳри Друан дар Туркистони Шарқӣ кашф кардааст. «Номаҳои бостон» аз нӯҳ мактуби хусусӣ иборатанд, ки суғдиёни сокини Туркистони Шарқӣ аз шаҳрҳои Друан ва Кучан ба Самарқанд ва Бухоро ба хешовавдонашон фиристодаанд. Сурдиён дар «Номаҳои бостон» аз мушкилоти рӯзгорашон, аз нарху наво, баъзе воқеоти сиёсӣ ва нолу аҳволи дӯстону наздикони худ сухан рондаанд. Панҷ нома нисбатан беҳтар маҳфуз мондааст.

Чор номаи дигар ҷойҳои нохонои зиёде доранд ва хондану тафсири онҳо мушкил аст. «Номаҳои бостон» бо як навъи хати суғдии қадима навишта шудаанд. Баъзе номаҳоро соли 1931 олими немис Ҳ Райхелт рамзкушоӣ намуд. Баъдтар «Номаҳои бостонро эроншиносон В. Б. Хеннинг, Я. Харматта мавриди омӯзиш қарор доданд. То ҳол оид ба замони навишта шудани «Номаҳои бостон» дар байни муҳаққиқон ақидаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Р. Гото ва X. Райхелт китобати онҳоро ба асри 2, В. Б. Ҳннингг ба оғози асри 4, Я. Ҳарматта ба охири асри 2 нисбат медиҳанд. «Номаи бостон» дар Китобхонаи Британия (Музеи Британия, Лон­дон) маҳфузанд.

Ад.: Р о з е н б е о г Ф. А., Согдийские «Старые письма». К ранней истории сог­дийских колоний Центральной Азии, «Иав. АН СССР. VII серия, ООН», М* 5, JT.. 1932; Хромов А. Л.. Загадочные «Старые письма», г. «Коммунист Тад­жикистана», 15 сент. 1979.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …